Имомхатибон: Ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворида карда шавад

2-юми октябр, гурӯҳе аз имомхатибони пойтахт пеш аз намози ҷумъа  пешниҳод карданд, ки ба сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворида карда шавад.

Ба гуфтаи имомхатибон тибқи тағйироти ҷадид бояд фаъолияти ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии динӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Имомхатибони мазкур, ин пешниҳоди худро баъд аз қироати ҳукми Суди олии Тоҷикистон аз 29-уми сентябр дар бораи мамнуъ эълон кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар ироа карданд.

Суди Олӣ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро дар Тоҷикистон манъ кард ва онро ба қатори созмону ҳаракатҳои террористӣ ворид намуда буд.

Бо Қарори Суди Олӣ аз 29-уми сентябр ҳафтаномаи “Наҷот” ва сомонаи ин ҳизб низ қатъ карда шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои марбут ба ин ҳизб ҷиноят маҳсуб меёбад.

Дар Қарори Суди Олии Тоҷикистон омадааст, ки бархе аз аъзоёни ҳизб дар солҳои охир муртакиб ба ҷинояте шудаанд, ки хусусияти террористию экстремистӣ дорад. Инчунин, ба он муттаҳам шудаанд, ки “бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват бармеангезанд ва  ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд”.

Суди Олии Тоҷикистон ин ҳукми худро дар пайи  аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир карда буд.

Бар асоси ин ҳукми Суди олӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф шуда, фаъолияти ҳизб қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(наҳзат.тҷ), ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд”.
Имомхатибони пойтахт ин хутбаи қабл аз намози ҷумъагии худро бо нидои “нест бод Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “нест бод душмани халқи тоҷик” ба анҷом расониданд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

имруз дар масчиди чоркуххам пеш аз намози чумьа мардум ба чои мавиза оиди ХНИТ баромад гуш карданд...нихоят шахсе бисьёр танг шуда аз чой бархосту ба имомхатиб хитоб кард;Мулло мардум инчо барои мавиза гушкардан омадаанд...Имом бошад ба он кас фарёд кард;ХОЙ ТУППИЧА САФЕД! МАН ЧИ ГУЯМ ХАМОНРО ГУШ МЕКУНИ! МАКУЛ НАБОШАД РАВ АЗ МАСЧИД!...ё наузаммбиллох.мардум хеле асаби шуданд.оянда ба фикрам агар асаби ё гунахгор нашавам гуед.танхо дар вакти шуруи намоз бояд рафт...
Абувалид, Ибода ибни Сомат (р) мегуяд: Бо Расули Худо (с) паймон бастем, ки дар сахтӣ ва гушоиш, дар хушӣ ва нохушӣ, ва онгоҳ ки дигарон бар мо тарҷиҳ дода шудаанд, ҳарфшунавӣ ва итоат намоем ва аз мо паймон гирифт, ки бо ҳокимон ва фармонравоёни худ бар сари қудрат даргир нашавем, магар замоне, ки куфри ошкорӣ дидед ва барои он далел ва бурҳоне аз сӯи Аллоҳ (ҷ) доштед ва низ паймон бастем, ки ҳар ҷо ва дар ҳар мавқеъияте, ки будем ҳақро бигуем ва аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишгаре дар роҳи Аллоҳ (ҷ) натарсем. Имомхатибони мӯҳтарам мо ҳама аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст, пас дар минбари Расули Худо баромад карда суханони ҳақро низ бигуед. Мо ҳамеша сулҳу суботи ҷомеа ва мамлакати азизамонро мехоҳем, ҳоло мо ба ҲНИТ коре надорем вай низ агар сари қудрат бошад Тоҷикистонро кишвари тарақикарда намекунад, лекин ҳукуматдорони азиз ин маъракаҳои беҳударо (РИШУ ҲИҶОБУ дигар амрҳо Худо ва Паёмбарашро) кам кунед то саодатмандии ду дунё насибатон гардад.
Хело хандаовар, ки аз минбари Пайомбари Ислом чунин чизхои нолозим садо медиханд. Аммо аз як чониб дарднок хам хаст!!!
Вой бар холи он Имомоне, ки кавм аз онхо рози нестан...

Шояд шумо суол ё назаре доред?