Имомхатибони шаҳри Хуҷанд: Ҳоҷӣ Ҳалим бо Муҳиддин Кабирӣ хостори тағйири сохти конститутсионӣ буданд

Имомхатибони шаҳри Хуҷанд бо пахши як изҳорот гуфтаанд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ “мехостанд сохти конститутсионии ҷумҳуриро тағйир диҳанд”.

16-уми сентябр изҳороти имомхатибони шаҳри Хуҷанд дар сомонаи расмии ҳукумати вилояти Суғд нашр шудааст. Дар он ҳодисаҳои охир дар кишварро, ки субҳи 4-уми сентябр сар зад, маҳкум карда, гуфтаанд, ки “бо мурури замон Ҳизби Наҳзати Ислом ва ҳадафҳои ғаразноки он, ки таҳти ниқоби “Ислом” мастур буд рӯз то рӯз кушода шуда истодааст, ваҷоҳати ҳақиқии аъзои онро мардум бо чашми худ дида, қабоҳати кори бади ин тоифаро маҳкум мекунанд”.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки гарчи ба Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) Президент Эмомалӣ Раҳмон рутбаи генералӣ ва вазифаи воломақом дод, аммо “Ҳалим Назаров дар ҷавоб чӣ кор кард? Дар мақоли халқӣ мегӯянд: “Ончӣ ба хун медарояд ба ҷон мебарояд”.

Вазифаю рутба зоҳири ӯро дигар кард аммо ботини вайрони ӯ тағйир наёфт, пинҳону гоҳо ошкоро бо роҳбари ҳизбаш Муҳиддин Кабирӣ нақшаи харобиоварро бар зидди халқи Тоҷикистон ва миллати тоҷик тарҳрезӣ мекард, зеро дар он ҳадафҳои молӣ низ вуҷуд дошт, ки аз хоҷагони хориҷиашон ба онҳо мерасад”.

Имомхатибон талаби қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро кардаанд. Дар паси ҳодисаҳои охир дасти “хоҷагони хориҷӣ” меистад, таъкид кардаанд дар изҳорот.

Дар идома мегӯянд, ки “ин гурўҳи ҷиноятпеша мехостанд сохти конститутсионии ҷумҳуриро тағйир диҳанд, яъне мехостанд Тоҷикистонро бори дигар ба хоку хун оғушта кунанд”.

Copyright @2015 TojNews 

Назарҳо

Имомхатибони бе имон, бе дин дар дини мукадаси ислом тухмат гунохи азим аст вакте намедонед аз пеши худ барои чи тухмат мекунед.Аз Худо тарсед продажные шкуры. Е бо Кабирию Хочи Халим якчоя маслихат кардаед. Значит шумоям дар дар якчояги бо онхо накша кашидеду имруз худро кафо кашида изхорот пахш мекунед. Макомот мана гунахкорони асоси Имомхатибони Хучанданд ки аз Накшаи онхо бохабар буданд бо онхо якчоя накша кашиданд ки медонанд.
Имомхатибон чаро шумо боз ба сиёсат даст мезанед?Хамон намозу рузаи худатона гирифта гардед.Бас кунед чангандозиро!!
Имомхатибон хам навишта метавонистаанд ку вакте Паёмбар ъалайхи саломро тахкир карданл хамин хатибон хомуш буданд.Албатта ман низ тарафдори оромию тинчии халки азизамро мехохам .Лекин дар ин ходимони дин рафторашон таачубам меояд
И эмомхатибои мо хамаш палитик бдай мо бехабарку чои иё вазорати корхои хорича аст инхо чудо доноку алакай хамаро тахлилкарда баромаданд ё шояд авлиё бошанд? Аз кучо диданд накшакащии кабирию генералро? Сиёсатмадорхои дохилию хоричи хама очизанд намедонанд бо кадом сабаб инкор шуду ана палитикои мо тахлил карда баромаданд хахаха
Хамаи хамин маколахо як рангуу бо як киёс навишташуда мебошад хатто аз зиёд хондани хамингуна маколахо бо хондани ду се чумла алакаи буи дуругаш зохир мешавад.
ИМОМХАТИБ АГАР ДУРУҒГУ ВА ФИРЕБГАР БОШАД, ОЁ МЕШАВАД АЗ ПУШТИ ВАЙ НАМОЗ ХОНД ВА БА ВАЙ ИКТИДО КАРД???!!! ИН ДУРУГ ВА ТУҲМАТИ МАҲЗ АСТ, КИ ҲОҶИҲАЛИМ БО ҲНИТ ИРТИБОТЕ ДОШТА БОШАД. МАН ХУДАМ АХ ҲНИТ ХУШАМ НАМЕОЯД, ВАЛЕ АЗ ИМОМХАТИБОН ИНТИЗОР ДОРЕМ РОСТГУ БОШАНД, ТО БИТАВОН ПУШТИ САРАШОН ИКТИДО НАМУД...
ҲНИТ АЗ ХОҶАГОНИ ХОРИҶИАШ ВА МУЛЛОЁНУ ХАТИБОНИ ДАРБОРИИ МО АЗ ХОҶАГОНИ ДОХИЛИАШОН ИТОАТ МЕКУНАНД. ВА ҲЕҶ КАДОМ ХУДОВАНДРО ИТОАТ НАМЕКУНАД.

Шояд шумо суол ё назаре доред?