Имрӯз 8 вагон кӯмаки башарии Қазоқистон ба Душанбе мерасад

Қарор аст бегоҳии имрӯз, 9ғуми май аввалин ҳашт вагон кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон вориди пойтахти Тоҷикистон шавад.

Дар ин бора ба хабаргузориҳо аз сафорати Қазоқистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов фармони расонидани кӯмаки башарӣ ба Тоҷикистонро 11-уми апрели соли раовн имзо крада буд.

Манбаъ мегӯяд, бар асоси ин дастур аз захираҳои давлатӣ 100 литр равғани рустанӣ, 500 тонна орд, 5 тонна чой, 40 тонна маҳсулоти макаронӣ, 220 ҳазор банка консервҳои шириву гӯштӣ, 90 тонна руғани маска ва 5 тонн меваҷоти хушконидашуда ҷудо шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки Қазоқистон ҳамеша дар сахтиҳо дасти Тоҷикистон мегирад. Аз ҷумла соли гузашта ҳукумати ин кишвар ду маротиба ба Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ расондааст.

Бори аввал моҳи апрели соли 2015 ба маблағи 2,7 миллион доллар ёриҳои Остона ба Душанбе раисданд ва бори дуюм Ҳукумати Қазоқистон боз ҳам аз ҳисоби захоири дохилии давлатӣ ба маблағи 2,1 миллион доллар ёрии башарӣ ирсол кард, ки он моҳи ноябр расид.

Бино ба иттилои расмӣ соли 2015 дар маҷмуъ аз 42 кишвари олам ба маблағи наздик ба 45 миллион доллар кӯмакҳои башарӣ ворид шуданд. Бахши азими ин кӯмакҳо ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар кишвар расонда шуда буданд.

Назарҳо

Хуб аст аммо аник бошад ки ба мардуми ниёзманд таксим шавад

Шояд шумо суол ё назаре доред?