“Имтиёз”-и Хадамоти гумрук ба як соҳибкори шампуфурӯш

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ба соҳибкоре, ки бидуни пардохти боҷи гумрукӣ мол ворид карда буд, имтиёз додааст, то дар муҳлати муайян онро пардохт кунад.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, Амришер Собиров ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтиёран ба расмияти гумрукӣ даровардани моеъи шампун муроҷиат кард, ки дар натиҷа дархосташ қонеъ карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, 11-уми марти марти соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз манзили истиқоматии шаҳрванд Собиров Абдуваҳоб Маҳаммадович, моеъи саршӯӣ (шампун) бе барасмиятдарории гумрукӣ ошкор гардид. Дар қуттиҳои ҳаҷмашон гуногун, ки дар маҷмӯъ ҷамъ бо вазни умумии 6000 килограмм дарёфт карда шуд, ки бо роҳи вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Амришер ихтиёран барои ба расмият даровардан ва пардохти боҷи гумрукӣ ба хадамот муроҷиат кардааст ва бо назардошти он ки соҳибкор бори аввал даст ба нақзи қонуни гумрукӣ задааст, хоҳишаш қонеъ градонида шудааст. 

Дар Хадамоти гумрук мегӯянд, ин бор таҷриба роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ба кор гирифта шудааст ва соҳибкор бидуни ҷаримабандӣ ва ё ҷазои дигар гумрукпулиро ихтиёрӣ пардохт хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна таҷриба бори аввал расонаӣ мешавад. Маъмулан дар кишвар ошкор шудани ҳар гуна нақзи қонуни гумрук ё пардохти молиёт баъди ҷазо ислоҳ мешавад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?