Имзои созишномаи ҳаётӣ барои нерӯгоҳи "Роғун"

НБО-и -"Роғун-ро ширкати итолиёии " Салини Импреҷило" (Salini Impregilо) месозад.

Бино ба иттилои "Ховар", ин ширкат ғолиби тендери байналхалқӣ вобаста ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони НБО "Роғун" эълон гардид. Миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия (Salini Impregilо) Шартномаи усулии ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Эълон оид ба гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО «Роғун» мутобиқи 4 Лот дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои соҳавӣ дар даҳаи сеюми моҳи феврали соли 2015 ба нашр расид ва 40 ширкати ватанию хориҷӣ аз 17 давлати ҷаҳон ҳавасмандии худро барои иштирок дар сохтмони иншооти НБО “Роғун” изҳор намуданд.

Дар ҷаласаи Комиссия оид ба гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои сохтмони иншооти НБО «Роғун» аз 27 июни соли 2016 ширкати «Салини Импреҷило» ғолиби тендерӣ байналмилалӣ ҷиҳати лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” дониста шуд.

Маблағи умумии созишномаи имзошуда байни НБО «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило» дар 4 Лот 3,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Лоти 2-юми ин лоиҳа, ки сохтмони садди асосии нерӯгоҳро дар бар мегирад, 1 милларду 950 миллион доллари ИМА-ро дарбар мегирад.

Ширкати «Салини Импреҷило» Гурӯҳи саноатӣ буда, зиёда аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим ва комплексҳои инфросохтории ҷаҳонӣ машғул мебошад. Ширкати мазкур дар ҷаҳон ҳудуди 230 садд (плотина) ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд намудааст. Ин ширкат дар фаъолияти худ аз инноватсияҳои технологии муосир истифода бурда, лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти гидроэнергетикиро амалӣ мегардонад ва оид ба иҷро намудани лоиҳаҳои инфросохторӣ дар бахшҳои (соҳаи) обӣ дар ҷаҳон пешсаф аст. Дар айни замон Ширкати «Салини Импреҷило» дар беш аз 50 давлати ҷаҳон фаъолият дорад.

Нерӯгоҳи "Роғун" барои  Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад ва ба гуфтаи мақомот бо сохта шудани он кишвар аз камбуди барқ раҳо меёбад.

Назарҳо

Нерӯгоҳи "Роғун" барои Тоҷикистон хеле муҳим аст ва бо сохта шудани он кишвар аз камбуди барқ раҳо меёбад..
Сохтмони НБО-и Рогун ба манфиати Точикистон ва давлатхои сохили дарёи Аму мебошад.
Роғун манбаи неруи барқи табии мебошад,, ки манфиати Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя аст.
бехтарин интихоб, барои бунёд намудани иншооти мухини аср ва барои насли оянда мерос гузоштани он вазифа ва карзи як шахрванди ватандусти Точикистон мебошад. Аз ин руй тарафдори хачи тезтар сохтани он бо истифода аз имкониятхои ширкати итолиёии " Салини Импреҷило" (Salini Impregilо) мувофики максад мебошад.
Имзои созишномаи ҳаётӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" бо ширкати итолиёии " Салини Импреҷило" (Salini Impregilо) бехтарин икдом буда, бо сохта шудани он кишвари мо гул-гул шукуфон мешавад.
Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин ширкати сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун буда, мардуми шарифи Точикистонро ноил гаштан ба чунин дастовар табрик мегуям .
Рогунро мо бо хар рохе набошад бояд созем чун ки Рогун барои рушди иктисодиёти точикистон мухим мебошад
Ман хушхол гаштам ки ширкати итолиёви сохтумони рогунро ба ухда гирифта аст ва бовари ба ин ширкат дорам.
Рогун барои пешрафти точикистони азизи мо хеле мухим мебошад. Мо бояд харчи зудтар бо хар рохе набошад рогунро созем.

Шояд шумо суол ё назаре доред?