Инҳоро бояд шинохт: Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳҳоб

Муҳаррири вақти нашрияи “Нигоҳ” ва сармуҳаррири хабаргузории Тоҷнюс.

16-уми октябри соли 1985 дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ дида ба олам кушодааст. Солҳои 2003-2008 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Фаъолияти кориашро чун рӯзноманигор моҳи октябри соли 2007 аз ҳафтаномаи “Нигоҳ” оғоз кардааст ва то моҳи майи соли 2010 котиби масъули он будааст.

Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи марти соли 2012 дар нашрияи “Имрӯз-нюс” хабарнигор ва муҳаррири шуъба кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2012 то моҳи июни соли 2013 дар Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон кор мекард. Тобистони соли 2013 бо даъвати ношири “Нигоҳ” баргашт ва муҳаррири “Нигоҳ” шуд. Соли 2015 сармуҳаррири хабаргузории Тоҷнюс таъин шуда, то моҳи апрели соли 2016 ин масъулиятро бар душ дошт.

Забонҳои русӣ ва инглисиро медонад.

Барандаи чандин ҷоизаи созмонҳои журналистии кишвар аст. Аз ҷумла, ҷоизаи ҷасорати журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон, ҷоизаи гуруҳи расонаҳои “Озодагон” ва ғайра. 

Борҳо барои ширкат дар конфронсҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ ва такмили ихтисос ба Ҷопон. Чин, Олмон сафар кардааст.

Аз моҳи апрели соли равон муқими Аврупост. Дар яке аз марказҳои илмӣ забони олмонӣ меомӯзад, то таҳсилашро дар донишгоҳҳои Олмон  идома диҳад.

 Журналисти муваффақ Раҷаби Мирзо ва ношир Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиёнро устодони худ дар ҷодаи журналистӣ медонад ва мегӯяд аз таҷрибаву маслиҳату машварати онҳо хеле омӯхтааст.

Ҳамкораш Бобоҷони Шафеъ дар бораи ӯ мегӯяд: “Замоне, ки Абдуазим дар мактаб мехонд, модараш мехостааст Абдуазим духтур шавад, бародари бузургаш ӯро ҳуқуқшинос диданӣ буд. Аммо майли ӯ ба журналистика бештар буд. Замоне, ки мақолаҳои танқидӣ дар саҳифаи нашрияҳо мехонд, гумон мекард маҳз ҳамин журналистика аст, ки метавонад руҳи ковишгару эътирозиашро қонеъ созад. Вале баъди он ки соҳиби диплом шуд, шояд ба дарки ин нукта ҳам  расид, ки журналистика моҷароҷӯӣ нест, балки масъулият аст. Ин буд, ки паси моҷаро нарафт, пайи таҳлил шуд, таҳқиқу масъалагузориро авло донист”.

 Абдуазими Абдуваҳҳобро шояд касе аз ношири “Нигоҳ” Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён касе хубтар нашносад, ки мегӯяд: “Руҳи эътирозӣ ва омодагии ҳамешагӣ барои худсозӣ дар як инсон ками андар кам вомехӯранд. Дар вуҷуди Абдуазим ҳаст. Дар вуҷудаш чӣ, руҳу пайкараш аз ҳамин хамир аст. Ҳоло дигар соҳибқалам асту падари хонадону марди солор, аммо ҷӯё буданро аз даст надодааст, пайваста дониш меомӯзаду барои донишу навгониҳо боз аст. Мисли ҳамон Абдуазими 21 сола, ки ба “Нигоҳ” ба кор омада буд.

 

 Тамоми марҳилаҳои кор дар “Нигоҳ”: “Чойники бесоҳиб”-Гузоришгари “бидав -биёр”- Журналист - Муҳаррир - Сармуҳаррирро дар чанд сол гузашту умедворам  ба марҳилаи ниҳоӣ- Соҳибназар ҳам мерасад.  Мактаби хубе ҳам дар Маркази тадқиқоти стратегӣ,  замони Бобохон Маҳмадов гузашт ва дарсҳои накуе аз Абдуллоҳи Роҳнамо гирифт.  
Ҳич кадоме аз журналистони тоҷикро, ки 10 сол боз бо онҳо сару кор дорам,  ба ҳадди Абдуазим масъулиятшинос наёфтаам.  Бар замми журналисти хуб будан, қобилияти хуби роҳбарӣ ва муҳимтар аз он: қобилияти ҳалли мушкилоти мураккаб ва кор дар шароити фавқуллодаро дорост. Ба хости Худованд,  ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи Абдуазими Абдуваҳҳоб ҳоло зиёд хоҳад гуфту шуниду навишт”.
Абдуазими Абдуваҳҳоб 31 сол дошта, падари ду фарзанд аст. 

Назарҳо

Аз бозёфтҳои нодири Нигоҳ буд, аммо мутаассифона, фаҳмидам, ӯ ҳам рахти сафар бастааст. Куҷое набошад. комёбию сарбаландӣ хохонам!
Инсони накуву самими низ хаст. Муборак бод мавлуд!

Шояд шумо суол ё назаре доред?