Интихоби Президенти ҳафтуми УЕФА дар Юнон

Конгресси навбатии УЕФА дар Афинаи Юнон, ҳафтумин Президенти ин созмони бонуфузи футболи Аврупоро интихоб кард.

Ба ин мақом номзадии раҳбари Созмони футболи Словения Александр Чеферин пазируфта шуд.

Ба Чеферин 42 фоизи аъзои конгресс овоз доданд.

Довталаби дигари ин мақом Президенти бошгоҳи шоҳонаи Ҳолланд Михаэл ван Праг буд, ки 13%-и овозҳоро ба даст овард.

Александр Чеферин аз соли 2011 роҳбарии Созмони футболи Словенияро ба дӯш дошт.

Аз 2007 то ин ҷониб роҳбарии УЕФА-ро Мишел Платини ба уҳда дошт.

Вай дар пайи моҷароҳои марбут ба ришвахорӣ дар маъмурияти созмонҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ оид ба футбол аз вазифа рафт.

Платиниро дар ҷараёни тафтишот ба гирифтани 2 миллион франки швейтсарӣ аз собиқ Президенти ФИФА Зепп Блатер муттаҳам донистанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?