Интиқоди Дабири Кумитаи миллии олимпӣ аз кори федератсияҳои миллӣ

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз кори федератсияҳои миллӣ интиқод карда гуфт, онҳо нақшаҳояшонро иҷро накарданд.

Ҷаноби Раҷабалиев дар ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, “ба ҷуз Федератсияи варзиши сабук, федератсияҳои миллӣ нақшаҳояшонро иҷро накарданд.”

Ӯ гуфт, “мо аз варзишгаронамон дар риштаҳои бокс ва дзюдо медалҳои олимпиро чашмдор будем, вале онҳо муваффақ нашуданд. Боиси нигаронист, ки варзишгарони мо дар намудҳои афзалиятнок - гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва таэквондо ВТФ - ба Олимпиадаи Рио роҳхат гирифта натавонистанд, ҳарчанд ки мо барои омодагӣ ва ширкати онҳо дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва мусобиқоти литсензионӣ барномаи махсусро пиёда кардем.”

Дабири кулли олимпӣ ҳамчунин гуфт, аз ҳоло бояд бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин федератсияҳои миллии варзишӣ аз паи таҳияи барномаи вижаи ҳукуматӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпии соли 2020-ум дар шаҳри Токиои Ҷопон шавем.

Дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аз 7 варзишгари тоҷик танҳо Дилшод Назаров медал ба даст овард.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?