Интиқоли доллар аз Русия ба Тоҷикистон 22 фоиз кам шудааст

Интиқоли пули муҳоҷирон бо доллари ИМА, аз Федератсияи Русия, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ҳудудан ба 22 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, интиқоли рубли русӣ дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта, тақрибан тағйир наёфта, 67 милиард рублро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки интиқоли доллар аз ин кишвар 22 фоиз коҳиш ёфтаааст, гуфт Нурмуҳаммадзода дар нишасти хабарии БМТ имрӯз 25-уми июл.

Коршиносон дар солҳои ахир коҳиши беш аз 40-дарсадии маблағи муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон, дар пайи буҳрони шадиди иқтисодӣ ва коҳиши қурби рубли русӣ пешгӯӣ мекарданд. 

Як соли пеш ҳам, дар нимсолаи аввали соли 2015 раиси Бонки давлатии "Амонатбонк" Руҳуллоҳ Ҳакимзода ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар ин муддат ба воситаи ин бонк ба кишвар 173 миллиону 788 ҳазор доллар маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,7% камтар мебошад.

Соли гузашта ба воситаи ин бонк  муҳоҷирон ба Тоҷикистон 288 миллион доллар ворид кардаанд. Раиси нави бонк поинравии қурби рубли русиро яке аз омилони коҳиши интиқоли маблағ арзёбӣ кард. 

Дар як сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 3 млрд. доллар маҳсулот ворид шуда, қариб 800 млн. содирот мешавад. Яъне дар 3 соли ахир тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ арзёбӣ мешавад. 

Дар пайи буҳронҳо, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,2% ё 135 млн. доллар коҳиш ёфт. 

Раванди коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли гузашта идома дорад ва маълум нест ки кай ба анҷом мерасад.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон,  давоми 4 моҳи аввали соли равон ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?