Интишори тасовири муттаҳамони ҳамла дар Брюссел. Пулис як гумонбарро меҷӯяд

Мақомоти амниятии Белгия акси се мазнун ё муттаҳам дар инфиҷорҳои рӯзи 22-юми март дар Брюсселро мунташир кардаанд.

Пулиси ин кишвар бо бахши як иттилоия гуфтааст, ки яке аз гумонбарон, ки дар ин ҳодиса даст доштааст, дар таҳти таъқиб қарор дорад. Ба эҳтимоли мақомоти Белгия ин нафар дар ду инфиҷори фурудгоҳи Брюссел даст дорад.

Субҳи 22-юми март дар фурудгоҳи Завентем ва истгоҳи Маалбек се инфиҷор рух дод, ки ба гузориши “Евронюс” дастикам 34 тан ба ҳалокат расида, беш аз 200 тан захм бардоштаанд.

Дар тасовире, ки аз аз камераҳои мадорбаста гирифта шудааст, шахси гумонбар бо ду ҳамроҳаш дида мешавад, ки ду гумонбари дигар дар инфиҷорҳои интиҳорӣ кушта шудаанд.

ДОИШ масъулияти ин ҳамлаҳои хунборро ба уҳда гирифтааст. ВВС хабар додааст, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” дар паёмҳои интернетӣ гуфтааст, ки маҳалли ҳамалот “ба диққат интихоб шуда буд” ва ҳушдор дод, ки “кишварҳои салабии мухолифи “Давлати исломӣ” бояд дар интизори ҳамалоти бадтар бошанд.

 Фредерик Ван Лёв, прокурори федеролии Белгия гуфтааст, ки пулис дар ҷустуҷӯи марде аст, ки дақиқае қабл аз инфиҷорҳо дар фурудгоҳ дар тасовири видеоӣ бо кӯлоҳ ва болопӯши рӯшан дида мешавад. Ӯ гуфтааст, ки ҷустуҷӯ дар чандин бахши кишвар дар ҷараён аст.

Мақомҳои Белгия омори куштаҳои ҳамла дар фурудгоҳ ва метроро беш аз 30 нафар эълом карданд, ки ҳадди ақал 11 нафар дар фурудгоҳ ва 20 нафар дар истгоҳи метро кушта шудаанд. Вазъи бархе аз захмиҳо вахим арзёбӣ мешавад.

Ин инфиҷор чаҳор рӯз пас аз боздошти Солеҳ Абдусалом, аз муттаҳамони аслии ҳамалоти соли гузашта дар Париж ба вуқуъ пайваст. Масъулияти ҳамалоти Парижро ДОИШ ба уҳда гирифта буд.

Copyright @2016 TojNews  

Шояд шумо суол ё назаре доред?