Интизории қотили Умаралӣ Қувватов аз Додгоҳи олии Туркия

Сулаймон Қаюмов, муттаҳам дар қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24”, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, интизор дорад, ки Додгоҳи олии Туркия ҳукми ӯро бозбинӣ мекунад.

Радиои Аврупои Озод дар такя ба манобеаш дар доираҳои дипломатӣ гуфтааст, баъди содир шудани ҳукми Додгоҳи шаҳри Истамбул дар таърихи 26 феврал ӯ бо машварати ҳуқуқшиносон ба ин ҳукм эътироз овард.

-Ҳоло парвандаи ин шахс дар марҳилаи нави баррасии Додгоҳи олии Туркия қарор дорад ва ҳукми ӯ содир нашудааст”-гуфтааст, манбаъ.

Сулаймон Қаюмов умедвор аст, ки ҳукми ниҳоии Додгоҳи Туркия тағйир меёбад. Сулаймон Қаюмов яке аз муттаҳамони куштори Умаралӣ Қувватов буд ва аз рӯи хулосаҳои тафтишот, ин ҷиноятро ӯ наметавонист батанҳоӣ иҷро кунад. Қаюмов дар додгоҳ худро комилан бегуноҳ гуфта буд. Ҳоло Қаюмов дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.

Умаралӣ Қувватов, ки раҳбарии “Гурӯҳи 24”, ҳаракати мухолифи Ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дошт, шаби 5-уми март дар маҳаллаи Фотеҳи шаҳри Истанбул ба қатл расида буд. 

Ҳаракати “Гурӯҳи 24” 9-уми октябри соли 2014 аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон фаъолияташ манъ шуда, ҳамчун ҳаракати экстремистӣ эълон гардидааст.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?