Ишқобод: Аввалин пайкара ба президент Бердимуҳаммадов

Субҳи имрӯз дар радифи чорабиниҳое, ки шаҳрдории Ишқобод бахшида ба рӯзи ин шаҳр созмон дода буд, пардабардорӣ аз аввалин пайкараи сарвари ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд.

Дар маркази шаҳр ҳайкали савор ба аспи Бердимуҳаммадов, ки гуфта мешаванд баландии он 21 метр аст, қомат афрохт. Ин аввалин пайкара ба сарвари кунунии давлати Туркманистон аст. 

Дар маросими пардабардорӣ раиси Парламони ин кишвар Оқча Нурбердиева гуфтааст, ки қарори бунёди пайкара ба президент баъди “муроҷиати бешумору пайвастаи меҳнаткашон” аз ҷониби намояндагони мардум қабул шуд. Вай ҳамчунин гуфт, ки гузоштани ҳайкал ба сарвар изҳори “эҳтиром ба сиёсати хирадмандонаи хориҷиву дохилӣ, дастовардҳои ӯ дар арсаи байналмилалӣ ва шинохти беҳтару бештари ҷаҳониён аз Туркманистон аст, ки бидуни шак бо номи Бердимуҳаммадов пайвастагӣ дорад”. 

Номи расмии муҷассама  "Аркадаг бинасы" (Муҷассамаи Аркадаг)буда, худи калимаи “аркадаг” аз туркманӣ “ҳомӣ”, “пуштибон” тарҷума мешавад. Дар ин муҷассама сарвари давлати Туркманистон бо либоси миллии туркманӣ, савори аспи зоти машҳури ахалтегин тасвир шуда, дасти росташро боло бардоштааст. Дар қатори президент кабутари дар ҳоли парвоз дида мешавад, ки ишора ба талоши ҳамешагӣ ба сулҳ дорад. 

Баландии пайкара 21 метр, баландии поясанги мармари он 15 метр аст. Худи муҷассама биринҷӣ буда, болои он тиллокорӣ шудааст.   

Пайкарамонӣ ба сарвар дар Турманистон таҷрибаи аввал нест. Дар гузаштаи начандон дур, замоне, ки Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ президенти бебадали ин кишвар буд, пайкараҳои ӯ қариб дар ҳамаи шаҳрҳои Турманистон гузошта шуда буд. Он замон бузургтарин муҷассама дар Ишқобод муҷассамаи тиллокорӣ ва 14-метраи Туркманбошӣ буд, ки барои сокинони ин шаҳр муқаддас дониста мешуд. 

Аммо баъди марги ногаҳонӣ ва мармузи Ниёзов якояк аз гӯшаву канор пайкараҳо   барканда шуданд, китоби муқаддаси ӯ “Рӯҳнома”, ки ҳатто дар барномаи таълими макотиб буду донистани он барои ҳар туркман ҳатмӣ ба шумор мерафт, аз китобхонаҳо барчида шуданд. Мақомот барчидани муҷассамаҳои ёдогории Туркманбоширо хотима додан ба шахсиятпарастӣ дар ин кишвар унвон карданд.

Аммо бо гузашти 8 сол аз марги Туркманбошӣ ва ба қудрат расидани Бердимуҳаммадов пайкарагузорӣ ба роҳбаре, ки ҳамоно сари қудрат аст, дубора оғоз шуд ва ҳоло ба назар мерасад касеро ёд аз шахсиятпарастии сарварӣ намеояд. 

Пайкараи ишқободии Бердимуҳаммадов дар бузургӣ 7 метр калонтар аз пайкараи Ниёзов буда, муаллифи он Сарагт Бобоев-ҳайкалтароши 67-сола, Рассоми халқии Туркманистон мебошад.  

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ишкобод номгузории Шумо куллан хатост. Як чиза фикр карда, баъд нависед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?