Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баҳрабардорӣ аз ду маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, маҷмааҳои мазкур дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо маркази савдову хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата бунёд шудаанд.

Бино аввал дар хиёбони Рӯдакӣ сохта шуда, фармоишгари он Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-групп” мебошанд. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа аз соли 2013 оғоз ёфта буд. Лоиҳаи зебои ангоравӣ аз ҷониби ҶДММ Ростогипрошахти Руссия таҳия ва аз тарафи ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмии ҷустуҷӯии лоиҳакашии САНИИОСП ба танзим дароварда шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва савдою хизматрасонӣ, ки корҳои сохтмону васлкуниро дар бар мегирад, 138 миллиону 397 ҳазору 710 сомониро ташкил дода, аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Маҷмааи биноҳои истиқоматӣ аз 4 қисм ва 170 хона иборат мебошад.

Бинои истиқоматии 12-ошёнаи дуюм дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт аз ҷониби соҳибкор Сурайё Уроқова бо харҷи наздики 27 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Фармоишгар ва пудратчӣ ҶДММ Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн мебошад, ки роҳбариашро ин бону ба ӯҳда дорад. Корҳои сохтмонӣ соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 ба охир расид ва дар вақти бунёди бино аз тарафи соҳибкор то 80 нафар бо ҷойи кор ва бо маоши миёнаи аз 1400 то 1800 сомонӣ таъмин шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар қисми поёни бинои истиқоматӣ бозори бо тарҳи сохташударо, ки дар он 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, тамошо кард. Дар бозор дукону рафҳо барои таъмини сокинону меҳмонон бо меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ширу гушт ва дигар анвои хӯрока мавриди истифода қарор дода шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?