“Истиқлол” бори панҷум чемпиони Тоҷикистон шуд

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бори панҷум ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон соҳиб шуд.

Футболбозони “Истиқлол” як давр пеш аз анҷоми бозиҳои Лигаи олии Чемпионати мамлакат дар вохӯрии мавқуфгузоштааш бо дастаи “Барқчӣ” қувва озмуда, бо натиҷаи 5:1 ғолиб омад ва бори панҷум унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Дар ин вохӯрӣ голҳоро Ҷаҳонгир Алиев (2 гол), Манучеҳр Ҷалилов (23), Фатҳулло Фатҳуллоев (92) ва Дилшод Восиев (94)  аз дастаи “Истиқлол” ва як голро Нуриддин Ҳамроқулов аз дастаи “Барқчӣ” ба ҳадаф расонданд.

Ба ҳамин тартиб, «Истиқлол»-и Душанбе се мавсим пай дар пай унвони чемпиониро ба даст овард. Аз ин пештар ин даста дар солҳои 2010, 2011, 2014 ва 2015 ба ин дастовард муваффақ гашта буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?