Итолёвиҳо “Шарли Эбдо”-ро барои “макаронҳои зери соус” ба додгоҳ кашиданд

"Таомномаи Итолиё": "Макаронҳои зери соус"

Шаҳрдории шаҳри Аматричеи Итолиё маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо”-ро ба додгоҳ кашид.
Аматриче яке аз шаҳрҳоест, ки дар заминларзаи 24-уми августи соли равон аз ҳама бештар талафот додааст.

Шаҳрдорӣ мегӯяд “Шарли Эбдо” як силсила карикатураҳое аз ин заминларза интишор додааст, ки ба эҳсоси мардум мерасад ва онҳо руҳи ҳалокшудагонро нороҳат мекунанд. 

“Ин карикатураҳо таҳқири Аматриче ва дар маҷмуъ ҳамаи Итолиёст,- гуфтааст шаҳрдор.-Мо ҳоло аснодро барои додгоҳи байналмилалӣ омода мекунем ва аз тариқи консулхонаи худ онҳоро дар Фаронса низ ба додгоҳ мекашем. Агар мо дар ин мурофиа пирӯз оем, пас маблағи аз он ба дастомада барои барқарорсозии харобаҳои заминларза сарф мешавад, ҳамчунин ба ниёзмандон низ тақсим карда хоҳад шуд”.

Чопи ин силсила карикатураҳо “Таомномаи Итолиё” ном гирифтааст ва маҷаллаи фаронсавӣ маҷруҳонро “макаронҳои зери соус” номидааст. Ин гуна расмҳо ва карикатураҳо дар Итолиё муҷиби хашми мардум ва эътирози сиёсатмадорони ин кишвар шудааст.

Маҷаллаи “Шарли Эбдо”(Сharlie Hebdo) як нашрияи карикатурии фаронсавист, ки бештар ба эҳсоси диниву мазҳабӣ ва фарҳангии мардуми олам бозӣ мекунад. Ин нашрия буд, ки чанд сол пеш Пайғамбари ислом Муҳаммадро (с) ба масхара кашид, ки боиси тазоҳуроти густурда дар Олами Ислом гашт.

7-уми январи соли 2015 бар асари ҳамлаи афрод ба идораи ин маҷалла 12 нафар бо шумули кормандони пулис ва масъулини маҷалла куштаву 11 тани дигар захмӣ шуда буданд.

 Бино ба гузориши воситаҳои ахбор ҳамлаварон аввалин коре, ки анҷом доданд, сардабири он Стефан Шарбонеро ҷустанд ва тири аввалро ба синаи ӯ заданд. Сипас, вориди ҳамаи утоқҳои корӣ шудаву якояк кормандони онро ҳадаф қарор доданд.  Амалиёт ҳамагӣ 15 то 20 дақиқа идома кард ва ҳамлаварон ба самти он замон барои тафтишот номаълум фирор карда буданд. 

Заминларзаи Итолиё 24-уми август рух дод ва дар он наздик ба 300 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 2 ҳазор нафар бехонаву ҷой монданд. Дар ҳоле, ки инсонҳо барои қурбониён азо мегиранд ва ҷигархун мешаванд, дар масъулони ин нашрия тавассути карикатураҳо ба ҳоли онҳо механданд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?