Изҳори таслияти ҲДТ ба марги Бозор Собир, аз поягузорони ин ҳизб

Ҳизби демократии Тоҷикистон бо пахши изҳороте даргузашти шоири тавонои тоҷикро ба мардуми кишвар, ҳаводорони шоир ва пайравони раванди мардумсолорӣ таслият гуфтааст.

Аҳмадшоҳ Комилзода, аз масъулини ҲДТ изҳороти ин ҳизбро пахш кард. Дар изҳорот ҲДТ аз Бозор Собир ба унвони “шоири овозадори тоҷик, муборизи фаъоли раванди демократикунонии ҷомеаи кишвар ва яке аз бунёдгузорони Ҳизби демократи Тоҷикистон” ёд кардаанд.

“Устод Бозор Собир ҳам бо қалам ва ҳам бо ҳузури бевоситаи худ дар солҳои рушди демократикунонии ҷомеа дар саргаҳи ин мубориза қарор дошт. Ӯ бо шеъри волояш барои худшиносии миллӣ ва ормонҳои баланди ватандӯстӣ хидмати арзанда кардааст”, - омадааст дар изҳороти ҲДТ,

Устод Бозор Собир, ки 1-уми май дар синни 79-солагӣ дар бемористоне дар шаҳри Сиэттли ИМА аз дунё даргузашт, дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта, аз саромадони равандҳои озодихоҳӣ ва демократии Тоҷикистон буд. Бо ба сари қудрат расидани ҳукумати кунунии Тоҷикистон ӯро зиндонӣ карданд, бо раҳои аз зиндон хоки Тоҷикистонро тарк кард. Дар 25 соли охир аксари умри худро дар ғурбат сипарӣ кард.

Copyright @2018 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?