Изҳороти Шоҳ Искандаров ва 11 қумандони собиқи ИНОТ алайҳи ҲНИТ

Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф бо Шоҳ Искандаров ва 11 қумандони собиқи ИНОТ бо нашри як изҳорот талаб кардаанд, ки фаъолияти ҲНИТ қатъ карда шавад.

Онҳо аз ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ёд карда, онро амали дасти ин ҳизб медонанд. Навиштаанд, ки “мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки кадом қувваҳо моро дар он давра ба майдони ҷангу хунрезӣ кашиданд. Фарқ дар он нест, ки он замон наҳзатиҳои Тоҷикистон зери парчами ҳизб фаъолият доштанд, ё ҳаракат. Ҳақиқати таърихӣ ҳамин аст, ки онҳо алангаи ҷанги бародаркушро дар кишвар барафрохтанд”.

Матни муроҷиатномаи қумандонҳоро, ки ҳафтаномаи “Фараж” нашр кардааст, чунин идома меёбад:

“Албатта, пешвоёни сиёсӣ ва маънавии реҳлаткарда ва ҳаётбудаи ин ҳаракат имрӯз бо ҳар ривояте худро дур аз ин воқеаҳои нангин нишон доданӣ мешаванд ва хуни садҳо ҳазор қурбонии ин ҷангро бар дӯши ҷавонмардоне гузоштанӣ мешаванд, ки фирефтаи суханҳои зебою волои шаётонии онҳо шуда, дутақсим гаштанд ва ба муқобили ҳамдигар силоҳ бардоштанд.

Пойбанди идеологияи раҳгумсози «пирон»-и наҳзатӣ», бародар бо ваҳшигарии бемисл бародари ҳамхун, ҳамзабон ва ҳаммазҳаби худро ба қатл мерасонд. Ҳазорон ҳазор тифлу наврас ба якборагӣ ятим гаштанду ҳамсарон бева ва пиронсолон бесарпаноҳ. Мо қумандонҳои сафи пеши ин муборизаҳо ҳамаи ин даҳшату ваҳшатро бо чашми худ медидему дар пӯсти худ эҳсос мекардем. Дар рӯзҳое, ки ин ҳизб домани оташи ҷанги шаҳрвандиро паҳн мекарду забонаҳои он умри даҳҳо ҳазор ҷавонони тоҷикро ба коми худ мекашид, садҳо ҳазор ранҷи ғарибӣ мекашиду даҳҳо ҳазор тифлу наврас дар хаймаҳои гурезагии заҳу намнок аз гуруснагию хунукӣ ҷон медод, Шумо сарвароне, ки моро ба ин роҳ бурдед, бо аҳли аёлатон дар шароити беҳтарин, дар Маскаву Теҳрону Кобулу Исломободу ва ғайра зиндагӣ доштед. Аз ҳисоби кӯмаки барои фирориҳо ҷудошуда ба тиҷорат машғул будед. Шумо ранҷу азоб накашидед. Дар ивази ҷони мову ҳазорҳо ҷавонони тоҷик соҳиби мансабу қаср, заводу тиҷоратгоҳҳо, бозору замин ва ширкатҳои сохтмонӣ гаштед. Фарзандонатон дар беҳтарин донишгоҳу таълимгоҳҳои дохилию хориҷӣ мехонанд. Соҳиби хонаю дар, мошину молу сарватанд. Вале боз ҳам қаноатманд нестед. Барои чанд пайсаи ночиз дар хизмати бегонагон камар бастаю боз талош ба харҷ медиҳед, ки тухми тафриқаю нифоқро аз сари нав дар байни миллат коред, офтоби нурпоши сулҳи моро аз нав зери абрҳои аҳримании худ ниҳон созед.

Фарзандони Шумо он рӯзҳо дар сафҳои муҷоҳиддин набуданд, зеро писарони дигаронро раҳнамуни ҷанг месохтед. Чуноне, ки имрӯз ба фалсафаи ҷиҳоду шаҳодататон онҳоро ба Сурияю Ироқ, Афғонистону Вазиристон мефиристед.

Дуруст аст, ки мо низ дар сафи ИНОТ қарор доштем. Лекин мо сулҳи деринтизори тоҷиконро аз сари сидқу бо шодмонӣ қабул кардем. Аз рӯзе, ки ба сафи ниҳодҳои қудратӣ қабул шудем, қасами садоқату вафодорӣ ба ин Ватану ин миллату ин давлат ёд кардем ва то имрӯз нерую қудрати хешро дар роҳи ҳифзи ин марзу бум дареғ намедорем.

Шумо бошед, мехоҳед миллатро боз ба ҳамон вартае баред, ки як дафъа бурдед. Бас аст! Мардум дигар ба Шумо бовар намекунад. Интихоботе, ки пурра аз ҷониби ҲНИТ бохта шуд, шаҳодати нобоварии сокинони ҷумҳурӣ ба Шумост. Вақти он расидааст, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Ин беҳтарин хизмати Шумо барои ҳамдиёрон хоҳад буд. Миллату давлати миллии худро аз ҳимояи манфиатҳои ғаразноки беруна ва ақидаҳои ҷаҳолатпарастона боло гузоред. Фарзандони хешро дар ҷойгоҳи фарзандони дигарон лаҳзае тасаввур кунед. Он гоҳ хоҳед дарк кард, ки дарди фарзанд то кадом дараҷа сахту ҷигарсӯз аст. Агар ба рӯзи пурсиш ҳақиқатан бовар доред, виҷдону имонатонро ба умеди хизматрасонӣ ба дигарон насӯзед.

Дигар ҷои шубҳа нест. Дини мубини Исломро имрӯз ба ҷузъи сиёсату роҳи амалӣ кардани ҳадафҳои сиёсӣ табдил додаанд. Саропо онро ба террору зӯроварӣ табдил додаанд. Бо дасти мусулмон мусулмон мекушанд. Ва ҳамаи ин даҳшату ваҳшат бо ақидае амалӣ мешавад, ки Шумо наҳзатиҳо таблиғаш мекунед. Бо номи ҷиҳод. 

Бас аст! Дигар бозичаи ғайр нашавед. Ба маънои аслаш, шукри оромию суботи кишвар кардан лозим аст. Агар ҳақиқатан аз аҳли тақвоед, тамоми шароитҳо дар ҷумҳурӣ барои иҷро намудани фарзу суннатҳои эътиқодиамон муҳайё мебошанд. Биёед, бори дигар ба кишварҳои ҷангзадаю харобгаштаи минтақа бингареду аз ҳизбе, ки роҳи фардояш ҳамин гуна аст, даст кашед”.

Дар зери он полковник Ризвонов Зайниддин Ҷонмаҳмадович, Муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ҚМ ҶТ, генерал майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода, полковник Абдуллоев Маҳмадӣ Ҳусейнович, Сардори шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ  ҷамъ 12 нафар имзо гузоштаанд.

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Дар рӯзҳое, ки ин ҳизб домани оташи ҷанги шаҳрвандиро паҳн мекарду забонаҳои он умри даҳҳо ҳазор ҷавонони тоҷикро ба коми худ мекашид, садҳо ҳазор ранҷи ғарибӣ мекашиду даҳҳо ҳазор тифлу наврас дар хаймаҳои гурезагии заҳу намнок аз гуруснагию хунукӣ ҷон медод, Шумо сарвароне, ки моро ба ин роҳ бурдед, бо аҳли аёлатон дар шароити беҳтарин, дар Маскаву Теҳрону Кобулу Исломободу ва ғайра зиндагӣ доштед. Аз ҳисоби кӯмаки барои фирориҳо ҷудошуда ба тиҷорат машғул будед. Шумо ранҷу азоб накашидед. Кабири хам аз пайи устодонаш рафт ку тамоми аёлу келинхо ва хамсари дуввуму севумашро хам ба Туркия бурд. Ана ин аст харакати ихвонулмуслимин. Мо хеч гох ба фитнаи ХНИТ дода намешавем.
он вакт хам мардум дар мухоҷират мемурданд ва хам дар дохил ва холо хам дар мухочират ва дар дохил мурда истодаанд. Фаркаш хамин ки он вакт сад хазор мухочр доштему холо 2 миллион мухоҷир.
Кумандонхо! Аввал ин ки мурочиати нахзат чихати пешгирии кониншиканихо ва гирифтани пеши рохи бесуботист, дувум ин ки чунин амале хакки конунии хар фард ва ахзоби сиёсист, севум хохихиши МО афроди одди аз шумо кумандонхо ин АСТ, ки масъалаи солхои навадро гузоред, имруз проблема он нест, ба худ биёед ва ба сут конунсолори кадам гузоред. Агар хуби наметавонед акалан аз зиён бипархезед, оташро бо бензин намекушанд, мухтарам чанобон. Баъдан ин хел бе далелхои вокеъбинона харф задан сифати занакои лаби об меган, ака! Точнюс хар хел сафсатахоро наши мекуни, баъзе факту ракамхоро, комментаринависон аз чумла камина навиштаам, ба сухан ва назари дигарон хиёнат накунед, хохиш мекунам хамаашро нашр кунед.
Рахмончон "...мурочиати нахзат чихати пешгирии кониншиканихо ва гирифтани пеши рохи бесуботист..." чи маъни дорад???!!! Шумо гуфтаниед, ки ба хотири вайрон нашудани субот ин корро карданд??? Албатта зеро нахзатихоанд асоси бесуботи ва нооромихо. Барои хамин шумо пайравони нахзат ин гапа такрор карда мегардеду мардума тахдид мекунед. Ман маслихат медихам, ки ХНИТ хамчун манбаи калони хатари бесуботию нооромихо баста шавад. Бас будагист Кабириш мега сабри мо ба хотири сулх аст ба хотири ороми аст ва г. Набошад чи сабр накарда боз соли 1991- ро гардон карданиед?. Лаънати Худо бар касоне бод, ки аз дини мардум истифода мекунаду мардумро ба игво мекашад. Ин шантаж аст!!! Мардума ба холи худаш гузоед.
Кумандонхо! Аввал ин ки мурочиати нахзат чихати пешгирии кониншиканихо ва гирифтани пеши рохи бесуботист, дувум ин ки чунин амале хакки конунии хар фард ва ахзоби сиёсист, севум хохихиши МО афроди одди аз шумо кумандонхо ин АСТ, ки масъалаи солхои навадро гузоред, имруз проблема он нест, ба худ биёед ва ба сут конунсолори кадам гузоред. Агар хуби наметавонед акалан аз зиён бипархезед, оташро бо бензин намекушанд, мухтарам чанобон. Баъдан ин хел бе далелхои вокеъбинона харф задан сифати занакои лаби об меган, ака! Точнюс хар хел сафсатахоро наши мекуни, баъзе факту ракамхоро, комментаринависон аз чумла камина навиштаам, ба сухан ва назари дигарон хиёнат накунед, хохиш мекунам хамаашро нашр кунед.
Писарони Нури чаро изхороти баста шудани ХНИТ ро намедиханд? Ё дар бораи милион милион милион фикр карда гаштанд Як зарра буйи сиёсат надоранд ва дар фикри шикмхошон хастанд. Фарзадони Кабири хам ягон "обод" нестанд. Баста шаванд, баста шаванд!!!!!!!!!!!!! ХНИТ ва нури дар вакташ ба чони чавонмардои миллат хадди акал рахм накард, садхоро кушт дар Тавелдараву Нуробод!!Баъд ки кувваро бохтани шуд, дилаш сухт. Кадами муносиб ва созандаро Эмомали Рахмон дониста монд. Чи нахзат фалсафаи шаходат гуфта мардумро фиреб карда аз Нури кори хубат мекунад. Фалсафаи шаходат бошад чаро фарзандони рахбарони ХНИТ чоми шщаходат наменушанд? Хамаи ин аз бесаводии исломии мардум истифода кардан аст. Ино як зарра ба имону миллат ва инсонхо намеандешанд. Хамин аст ислому фалсафаи шаходат дустон!!!!Яке аз фарзадони Нури дар Ирон бо мошин одамро зер кард кушт. нури чони фарзандаш ширини кард фирор кард. То хол хамун писараш Эрон намеравад. Пас агар шумо вокеан давлати исломи ва хизби исломи хастед чаро аз рукнхои ислом дар хаёти худатон истифода намунед. Тибки кавонини Эрон бояд писари Нури хунбахо мешуд ба дор кашида мешуд. Хар касе фитнаи сиех дорад, бояд посух гуяд. Мардум огох бошед аз инхо !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
ХНИТро банданд е набанданд ин мухим нест. Лекин ин номаеро ин 12 нафар навиштаннд, хиенат меноманд. Хайфи чавонмарди. Имруз хизбатро фурухти, фардо ватантаро хам миллататро хам мефуруши.
Агари баро Худо муборизаву талош кардан, Худованд аҷрашон бидиҳад ва агар барои лаззату дунёву мансабу ҷоҳ талош карданд, Худованд хору залил ва бечораашон бигардонад. Ин гурух касоне хастанд, ки ба ду тин худро мефурушанд, тавре, ки бародарони хамсангари худро фурухтанд... Иншоаллох дур нест, ки зиллату хории имзокардахоро бо чашми сар хохем дид. Иншоаллох
Ин кумондонхои ИНОТ на балки Фармондехони нахзати буданд. Ин якум. Дуввум инхоро хеч кас фиреб е ташвик ба мубориза накардааст. Зеро инхо пеш аз чанг нахзати набуданд ва бо рохбархои нахзат шинос хам набуданд ки ташвику "берохаю фираб"- шон кунанд. Инхо хамон вакт даст ба силох заданд кумандонхои "фронти халки" бо супориши Узбакистон ва сардории Сангаку Файзали ба куштани мардуми Каротегин ки мардуми диндор буданд сар карданд. ... Имруз инхо рохбарони нахзатро гунахгор мекунанд, аммо намегуянд ки онхо чи мехостанд ва кадом хостаашон хилоыи конун ва шариат буд. Пешаки мегуям, нахзатихо мансаб наехостанд, интихоби озод мехостанд. Мансабро охири соли 1995 аввалин бор Ахмадшоху Раббони баъди пайдо шудани толибхо ба Нахзат пешниход карданд. Баъд русхо пофишори карданд. Ба хотири ин масъала дар рохбарияти Нахзат ихтилоф пайдо шуд. Устод Нури ва бародарои нахзатии кулоби мисли Саидиброхим, Махсуми Саттор, СаидУмар, Абдуррахими таможний ва Давлат Усмону баъзе кумондонхои чангнакардаи Гарм ин пешниходро кабул карданд. Устод Турачонзода, Устод Химматзода ва дигарон то лахзахои охир зидди шомил шудан ба хукумат буданд. Дар охир Устод Нури тахдиди истеъфо карданд дар Бишкек агар дигархо ин пешниходро кабул накунанд. Ба хотири вахдати сафф ва дури аз ихтилоф устодон Турачонзода ва Химматзода мачбуран рози шудан. Аз мохи сентяби 1997 то охири феврали 1998 устод Турачонзода рози набуан ба хукумат шомил шаванд, то ки бо рохи фишор аз тарики падарашон ва бо байн даровардани дустони наздикаш мачбур намуданд ки вориди хукумат шавад. Так что "кумондонхо" айбро сари рохбархои Нахзат назанед.
Хидматгор шумоед. Зеро ин матнро шумо не балки дигархо навиштанд ва аз шумо талаб карданд ки имзо кунед, агар накунед аз мансабатон мепарред. Ин шумо хастед ки барои мансаб ва пули хароме ки аз руи он меебед, ба худатон, гузаштаатон хиенат мекунед. Шуморо хеч кас бо повестка ба мубориза даъват накарда буд, худатон мубориза кардед, агар кабул доред ки он вакт, фиреб хурдед, пас кани гаранти ки имруз фиреб нахурда истодаед??? Барои касе ки собикаи чиходу мубориза дошт хиенат кардан намезебад, хусусан барои пулу мансаб шуда. Аммо нахзатихои бечора ин хама мехнату тахкиру азобу шиканчаро барои динашон, озодии миллаташон ва розигии Худояшон кашида истодаанд.
Шумо будед,ки ҳамин мардумро ноором карда,хонаҳояшонро ба тороҷ бурдед ва аз раҳбарони ИНОТ напурсидед.Бо кушиши ИНОТ ва раҳбари он соҳиби мансаб гаштаед ва аз ҳисоби дуздӣ қасру кушк сохтед молу сарвати ин миллатро аз худ карда беҳтарин мошинҳоро савори карда ткайфу сафо догред.Акнун ба хотири ин чизҳоро гум накардан ҳарчиро аз шумо бихоҳанд,бо ду дасти адаб,ҳато гаронтарин кас,ки ҳамеша бо шумо буд,барояшон таслим мекунед. Манфиатҳои ғаразноки беруна ва ақидаҳои ҷаҳолатпарастона дар шумост,ки имрӯз болои мардуми мазлум фишор меоваред. Шумо эй қумандононе.ки дар ин изҳорот имзо гузоштаед,фарзандони хешро дар ҷойгоҳи фарзандони мазлумин лаҳзае тасаввур кунед.Шармандаед,шармандаед,шарманда! Имрӯз фарзандони шумо дар беҳтарин донишгоҳу таълимгоҳҳои дохилию хориҷӣ мехонанд. Курсии нарм бисёр зебандаам кард, Заду бигрифт аҷаб шармандаам.
НУ эти командиры многое повидали, многое пережили, теперь знают что несет за собой то или иное действие, меня так бесит тот факт что ПИВТ лезет повсюду, что он может дать народу?! Веру?! Нееет таджиксому народу чтобы верить никакие партии не нужны! Религиозное воспитание?! Тоже нет!!! Как может воспитать человек который сам по сути "извращенец" (имею ввиду порнозвезд ПИВТ-а) молодое поколение......давайте будем придерживаться традиции и поддержим президента, мужик делает многое для нашего народа, пускай она пока незаметна, но придет время и мы будем гордиться им!!!
Хатто собик кумандонхои ХНИТ ба хулосае расидаанд, ки ХНИТ барои чомеаи Точикистон лозим нест ва хатарзост ва аз ин ру манъи фаъолияти он бехтар аст.
Агар имруз ИНОТ-и собик аз ХНИТ безор шуда бошанд, ин маънои онро дорад, ки ХНИТ хизби нолозим аст. Харчи зудтар аз байн бардошта шавад, хамон кадар амнияти давлат хубтар таъмин мегардад.
Хамаи шумоён, мухолифони ин макола дар хамон вакти бесарусомонихо дар хорича будед, хакикати холро факат аз газетаву радиову телевизион шунидаед, дар он вакт мардум гирифтори шиканчаву террори чунин афроди ба ном "нахзат"-и шуданд. Фарзандони шумоён ё худи шумо чанобон маззаи талхи он вактро начашидаед, бигузор ХНИТ барои чунин кирдорхои номатлуби гузашта баста шавад, ман ду дасти худро боло бардошта ба баста шудани ХНИТ овоз медихам!
Хамаи шумоён, мухолифони ин макола дар хамон вакти бесарусомонихо дар хорича будед, хакикати холро факат аз газетаву радиову телевизион шунидаед, дар он вакт мардум гирифтори шиканчаву террори чунин афроди ба ном "нахзат"-и шуданд. Фарзандони шумоён ё худи шумо чанобон маззаи талхи он вактро начашидаед, бигузор ХНИТ барои чунин кирдорхои номатлуби гузашта баста шавад, ман ду дасти худро боло бардошта ба баста шудани ХНИТ овоз медихам!
ягон нафари Шумо бо дастони худатон хатто тарчимаи холатонро дуруси навишта хам наметавонед, чи расад ба ин чумлахои тумтарок. Инсон бояд хамеша мард бошад, дупагонагиро дар махбас хам дуст на едоранд, ончо коидахои худро дорад. Эхтимоли кавист, ки Шуморо низ рузе ончо ин хочагонатон равон мекунанд, зеро ба шумо э' тимоднест. Шумо бояд ба рахбарони Нахзат ташаккур гуед, ки Шуморо ба ин маротиб расонд,. Шукр, ки Худованд сафхои мухолифинро аз шумо хасакихо тоза мекунад.
Худ хуб медони ки пас аз солхои 90 бо ифтихори хамин хизб ба сари миз омади ва то ин хол зиндги дори харчандхам дигарон дар пахлуи шумо буданд зиндадилу ободии суханро мехостанд кушта шуданд Ту ба пагохои генерали расида хато мктаби харбиро дар вай хурдсолихо кти чавонон ба тахсил мерафтанд надидаи. Хаст генерали давлати барои шумо чи лозим ин пагохо агар шуморо халки бошед. Ин аст рузи схти мо ки дар мухочират милионхо точикон пас аз омадани шумо шуданд Лозим нест ба сиест кор дор шудан худ сиест мадор нести.
Чи ай номи Ислому Худо баромад мекунед, нахзатихо мегуй ки дар хами точикистон факат хамиё мусалмонанду дигарон кофир.... Дар хакикат имруз чи гунохе, ки сар назадааст сарчашмааш ХНИТ мебошад, имруз оли дар сари кудрат нестанд ин тавр муносибат доранд ба мардуми бечора фардо агар ба сари кудрат биёянд чи ?? Баъд сар мешавад хонаи мардум даромадану дуздиву зиною дигар дигар гуноххо...Барои чи Турачонзода пешниходи сулхро кабул намекарданд, чунки шахсан шохидам ки ин бо фармони ин Турачонзода кариб 1000 нафар зиёд кушта шуда буд ва аз шукураи худаш метарсид ки ба Точикистон биёяд, аввал вакте, ки рохбарияти ИНОТ ба Точикистон омада буданд у наёмада буд...чунки у нияти сулх кардан надошт ва аз гуноххои кардаи худ метарсид......
Агар ҳарбиҳои мо ба ҳад забонӣ тоҷикиро медонистанд.... Инро яқинан шахсе навишта, ки филолог аст..
Бори дигар ба далериву чавонмардии Шох ва дигар собик кумондонхои ИНОТ тан додам. Ду бародари ман дар солхои чанги бемаънй аз Тезгар курбони дассисахои Эшонхо (Турачонзодахо) шуданд. Зери рохбарии Ризвони хунхор. Модари пири Ризвона то имруз нигохубин мекунанд, аммо ба мо касе аз ИНОТ кумак накардааст. Садхо бор назди эшонхо рафтем, назди офиси нахзат рафтем, аммо ба мо гуфтан ки кумака аз Хукумат пурсед. Сад шукри тинчиву амонии кишвар. Хукумат фарзандони ятиммондаи акахоямро тарбия кард ба воя расонд ва имруз сохиби илму хунар гащтанд. Аз Нахзат гуфтаниам, ки дуруягира бас кунед, хела аз хисоби мардуми гумрох сохиби вазифа ва молу мулк гаштед. Акнун гузоред ки ин насли чавони имруза дар фазои тинчй умр ба сар баранд.
Сад дар сад бо изхороти Шох Искандар розиам! Ин нахзатихо шарм накарда, даъво доранд, ки хукумат созишномаи сулхро вайрон кард. Мо шохиди зинда хастем,ки соли 1992 хамин нахзатиён митингбозихоро дар майдони Шахидон ташкил карда, мардуми оддиро, ки аз Ислом маълумоти кофи надоштанд, гумрох карда истифода бурданд ва бар зидди хукумат хезонданд. Аз дасти хамин нахзатиён чанги бародаркуш оѓоз ёфта, зиёда аз 100 хазор халќи бегунох ќурбони дасисахои онхо шуд. Имруз боз даъво доранд, ки сулху тенчиро ба Точикистон оварданд. Номаъкул кардед, нахзатихо !!!
! ....Kiri tojika bo barodaroi uzbakton barovarden bo izhorot menavised!Dar nazaraton yak nimi chalk dar Vatani chudash 2m sort hisob shudanash chub ast?In chel nomumkin ast.
Вазифаи шумо харбиён хифзи марзу бум нангу номус ва конунмехварист на фитнаандози, эй дустон. Шумо дустон дар пахлуи конуншиканхо не, балки конун ва адолат биистед ва хакки ин миллатро хифз кунед, км ин амал аз руи конун ва инсофу адолат аст, мо узви ХХДТ бошем хам аз ноадолатии роич дар чомеаамон хастаем. Охир чи фарк дорад нахзати АСТ ё демократ чиноят кард ба чавобгари кашед, вале мутаассифона имруз агар комунисте ё сохире чиноят кунад, хомиёни хукуки МО Сангро бар сари нахзату нахзати мешикананд, кучои ин амал адолат аст. Агар вичдон доред инсоф намоед. Имруз км нахзат талаби адолат ва конунмехвари кардаст, магар кори бад аст, ба худ биёед талаби адолат кардан (хангоми риоя нашудани конун) магар амали чиноят аст? Ин хакки конунии хар фард АСТ, чи расад ба ташкилоте. Инсоф намоед чи нахзати чи демократ чи президенту расон ба конун эхтиром гузоред, мешавад чомеа обод. Нахзат, ки 45000 узв дорад шикояташро аз зулм эътибор намедихед, пас агар касе ба ман зулм кард, ман чи хел эътимод дошла бошам, ки дар химояи конун хастам. Охир Барри онхое км 45000 шахрванди точикистонро ба Назар намегиранду ситам мекунанд, ситам ба як нафар албатта амали табии хохад буд.
АЗ ХУДО БТАРС ШОХ ИСКАНДАРЗОДА АЗ ХУДО БТАРСЕД! АГАР ЗАРРАЕ ДАР ДИЛТОН ИМОН БА ХУДО ВА РУЗИ КИЕМАТ ДОРЕД. ШУМО БА ЧОЙ ИН КИ ФОХИШАХОНАХОРО ВА ДИСКОКЛУБХОРО БАНДЕД ГУФТА ПЕШНИХОД ДИХЕД ИСЛОМРО БАНДЕД ГУФТАИСТОДАЕД. АЗ ХУДО ТАРСЕД,КИ МЕГУЯНД СОГРО АЧАЛАШ РАСИД ДАР ДЕВОРИ МАСЧИД ШОША МЕКУНАД.
Ба ном Биродар, чаро руятро сиех мекуни??? Чи хел ту шохиди чунин фармони Турачонзода хасти, хол он ки он кас хеч вакт фармондехи низоми набуданд, балкимасъули сиеси ва музокарот буданд. Турачонзода аз тарс не, балки аз руи принсипашон намехостанд аъзои хукумат шаванд. Зеро он кас хамеша талабашон ин буд ки як хукумати интиколии (переходной) аз афроди бетараф ташкил шавад. Баъди бозгашти мухочирин ва мучохидин тахти рохбарии СММ интихоботи озод баргузор шавад, мардум кадом тараферо интихоб кунад хамон гурух хукумат ташкил дихад, мисли тамоми кишвархои озоди демократи. Мана ин буд пешниходи Турачонзода ва тамоми Нахзат ва опозисион то охири соли 1995 ва Турачонзода то аввали соли 1998 дар хамин мавкеъ буд. Барои маълумот ба касоне ки хакикатро донистан мехоханд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?