Қасди худкушии як зани 58-сола дар Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, кормандонаш як зани 58-сола аз қасди худкушӣ наҷот додаанд. Ин ҳодиса ҳамагӣ чанд рӯз пештар дар соҳили дарёи Сир рух додааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи ниҳод дар шарҳи ин хабар гуфт, ки хонуми 58-сола бо қасди поён додан ба ҳаёташ ва раҳоӣ аз қайди мушкилот мехост аз болои пул худро ба зер афканад.

“Ин зан бидуни андешаи дигар худро ба оғӯши дарёи пурхурӯш андохтааст ва дар ҳамин асно чашми кормандони бахши наҷоти Кумита, ки маъмулан дар ҷоҳои хавфнок гаштугузор мекунанд, ба зани дар ҳоли ғарқ шудан афтодааст.”

Манбаъ мегӯяд, кормандони наҷот фурсатро аз даст надода, худро ба об андохтанд ва занро бо чолокӣ аз он берун кашиданд.

Дар кутоҳтарин муддат барояш ҳар кумаки аввалияро расонданд ва баъд ба бемористон интиқол доданд.

Зан аз марг наҷот ёфт. Вале сабаби даст задан ба худкушӣ то ҳол маълум нест.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?