Қасди Тоҷикистон ва ИМА барои рушди тиҷорат

Дар шаҳри Вашингтон нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайати расмии кишвар зимни чорабинӣ ба намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА оид ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон баҳри эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ, кафолатҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои муҳими иқтисодиёт маълумот манзур намуданд.

Манбаъ мегӯяд, “ҷонибҳо таъсиси Шӯрои мазкурро барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати вусъат додани фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ изҳор намуданд.”

Дар ин ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, вазири молия, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ ва муовинаш Умед Латипов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим ва Илҳом Раҷабов, намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Бунёди Байналмилалии Асъор иштирок доштанд.

Филип де Леон, директори бахши робита бо ҷомеа ва рушди тиҷорати байналмилалии ширкати кишоварзии “AGCO” раиси Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон интихоб шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?