Кашфи каҳкашони нав аз ҷониби олимон

Олимони Пажуҳишгоҳи Астрофизикаи ҷазираҳои Канар (Испания) таҳти роҳбарии Ҳайди Литсен муваффақ ба кашфи каҳкашоне шудаанд, ки аз системаи Офтобӣ ба масофаи 4,5-6,4 миллиард  соли рушноӣ дур ҷойгир аст. 

Пажуҳишгарон  мегӯянд ҳаҷми он 10 000 баробар гаронтар аз Роҳи Каҳкашон аст ва ду саввум калонтар аз ҳар ду  галаситораест, ки қаблан кашф шудааст. 

Литсен гуфтааст, ки дар галаситораи  кашфкардаи ӯ ва ҳамроҳонаш шояд 830 каҳкашон мавҷуд бошад, зеро баъзе аз онҳо эҳтимолан хеле дур аз Замин қарор доранд ва дар айни замон ахтаршиносон наметавонанд онҳоро назорат кунанд. 

Аммо баъзе пажуҳишгарони Кайҳон бар ин назаранд, ки ин олимон баъид аст, ки кадом як каҳкашони навро кашф карда бошанд. Чунончӣ, Эллисон Койл аз донишгоҳи шаҳри Калифорния гуфтааст, ки ҳоло чандон фаҳмо нест, ки бар пояи кадом далелҳо олимон бо сарварии Литсен даъво доранд, ки ин гуна як сохтори навро дар кайҳон мушоҳида кардаанд.

Койл бо далелҳои худ тахмин мекунад, ки ин галаситораи нави кашфшуда метавонад идомаи ҳамон каҳкашонҳое бошад, ки то ба имрӯз маълум буданд, вале аз дурӣ ба Замин мушоҳидаи онҳо ғайримкон буд.  

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Мухтарам муаллифи матн, пеш аз чопи ин мавод онро аз назари ягон мутахассиси сохаи астрономия мегузаронидед хеле хуб мешуд. Зеро хатогихои маънои ва сохавии зиёд дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?