Кашфи партови газ ва чанг дар ситораи думдор аз ҷониби ковишгари "Розетта"

 Ковишгари кайҳонии аврупоии "Розетта", ки ҳамакнун дар мадори наздик ба ситораи думдори Чурюмова- Герасименко 67Р қарор дорад, партови газ ва чангро дар сатҳи болоии он кашф кардааст.

Ситораи думдори Чурюмова-Герасименко 67Р, ки як лундаи ковоки мураттаб аз ях ва чанги диаметраш 4 км мебошад, дар айни замон ба Офтоб наздик мешавад ва қабати болии он беш аз ҳар вақти дигар гармтар мегардад.

“Розетта” наздик ба 100 километр дуртар аз ин ситораи думдор қарор дорад ва пайваста аз он расмҳои ҷолибу диданӣ аз тағйироти ин ҷирми осмонӣ ирсол менамояд.

Тибқи иттилои ахиран расонашуда дарозии гази ихроҷшуда наздик ба 900 метр буда, суръати ҳаракати он ҳашт метр дар як сония мебошад. Ҷолиб он аст, ки партови газ аз қисмати торики комета, ки нури Офтоб намерасад ва рушноӣ дар он дида намешавад, сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки олимон мегӯянд бахши фаъолиятноки он мебоист рӯ ба самти Офтоби он мебуд, на ки дар ҷониби торикаш.

Ситораи думдори 67Р бо суръат ба Офтоб наздик мешавад ва қарор аст нуқтаи ҳаддиақали наздикӣ ба онро то 13-уми август тай кунад. Дар ин рӯз вай дар дохили мадори Миррих дар масофаи наздик ба 189 миллион км аз Офтоб қарор хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки моҳи март масъулини парвоз ковишгарро аз маҳалли ҷойгиршавии ситораи думдор хеле дуртар бурданд, чун чанг ва партови газ ба системаи гардишгарии он халал мерасонд.

Маврид ба ёдоварист, ки ситораи думдори Чурюмова — Герасименко 23-юми октябри 1969 аз ҷониби ахтаршиносони Шӯравӣ Клим Чурюмов ва Светлана Герасименко кашф шуда буд.

Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе омад ва муқими ин шаҳр шуд. Ҳоло дар ҳамин пажуҳишгоҳ ба омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ, бахусус ситораҳои думдор идома медиҳад.

Соли гузашта дар рӯзи ирсоли ковишгари “Розетта” бо мақсади идомаи таҳқиқоти илмӣ ба космодроми Куруи Квианеи Фаронса даъват шудаву муддате аввалин паёмҳои онро аз ситораи думдори Чурюмова-Герасименко назорат кард.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?