Кашфи Сайёраи наве, ки шабеҳи Замин аст

Раёсати милии ҳавонавардӣ ва таҳқиқоти фазои кайҳонӣ (НАСА) дар бораи кашфи сайёрае хабар дод, ки метавон онро “Замини дуюм” номид. 

НАСА мегӯяд ин сайёраро телескопи “Кеплер” ба мушорҳида гирифтааст, ки маълумоти то ин замон гирдомада аз он шабоҳатҳое бо Замин дорад. Он дар атрофи ситораҳое  давр мезанад, ки монанди Офтобанд. Олимон тахмин мекунанд, ки шароити он барои мавҷудияти ҳаёти сафеда мусоид бояд бошад. 

Олимон ситораи ғароиби кашфкардаи худро Kepler-452b номидаанд ва мегӯянд диаметри он  1,6 баробар калонтар аз Замин аст ва он аз ситораҳо ба он масофае ҷойгир аст, ки метавонад дорои об бошад ва шароити мусоиде барои мавҷудияти ҳаёти сафеда дошта бошад.  

Давраи гардиши он дар атрофи ситораҳо 385 шабонарӯз аст ва ҳамагӣ 5 дарсад аз нишондоди гардиши Замин фарқ мекунад.  

Сайёраи тозакшф Kepler-452, дар масофаи 1400 соли рушноӣ аз Замин қарор дорад. Он чун Офтоб ба гуруҳи G2 дохил мешавад. Нуре, ки аз ситораҳо ба сайёра меафтад, ба нури расида ба Замин шабоҳат дорад. 

Kepler-452 наздик ба 6 миллиард сол пеш пайдо шудааст, яъне 1,5 миллиард сол пештар аз Офтоб, 20 дарсад рушантар ва 10 дарсад калонтар аз рӯи диаметраш мебошад.  

Олимон мегӯянд Kepler-452b 1030-умин сайёраест, ки вуҷудаш тасдиқ шудааст, аммо 4696 сайёраи дигаре дар кайҳон ба мушоҳида расида, ки баҳси вуҷуд сари онҳо хатм нашуда ва ба рӯйхати сайёраҳои кашфшуда ворид карда нашудаанд.  

Телескопи кайҳонии «Кеплер», моҳи марти соли 2009 ба кор шуруъ кардааст ва то ин дам бештар аз се ҳазор номзад ба сайёраҳоро ба мушоҳида гирифтааст, ки олимон сари онҳо кашфиётҳои илмӣ мекунанд. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Дар форсии Эрон ба "диаметр", "қутр" ё "захомат" мегӯянд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?