Кашфиёти нав: “шамолдиҳак” дар дохили пойафзоли варзишӣ

Як донишҷӯи бахши дуюми магистратураи Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологӣ “МИСиС”-и Русия намуди нави пойафзоли варзиширо бо “шамолдиҳак” таҳия кардааст.

Азамат Тавитов донишҷӯи соли дуюми бахши магистратураи донишгоҳи "МИСиС"-и Русия буда, пойафзолҳои нави варзиширо бо "шамолдиҳак" ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Сомонаи "Спутник" менависад, дастгоҳ бо истифода аз технологияҳои иловагии 3D-чопкунак омода шуда, аз батария, алоқаи Bluetooth ва идоракунии электронӣ иборат аст. Мувофиқи технологияи истифодабарӣ пойафзолҳои варзишии нав имкон аст, ки бо истифода аз смартфон, ҳарорати даркорӣ дар дохили пойафзол фармоиш дода шавад.

"Ин ақида аз зарурати оддии салқин будани пой дар рӯзҳои гарми фасли тобистон пайдо шуд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур идора кардани ҳарорати дохили пойафзол (ё дигар намуди либос) новобаста аз ҳарорати ҳавои беруна мебошад",-мегӯяд кошифи ҷавон.

Азамат Титов дар қайд кард, ки "албатта ин кашфиёти наонқадар муҳим аст, чунки таҷрибаҳои ба ин монанд аллакай дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ҷопон гузаронида шуда буд, вале аз нигоҳи технологияи муҳандисӣ ин кашфиёт шавқовар аст",-гуфт Азамат Тавитов.

Мувофиқи технологияи истифодабарии крассовкаҳои нав имкон аст, ки бо истифода аз смартфон, ҳарорати даркорӣ дар дохили пойафзол фармоиш дода шавад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?