Қатли бераҳмонаи як сокини 31-сола дар ноҳияи Фархор

Як сокини ноҳияи Фархор ба куштори бераҳмонаи ҳамедаҳааш муттаҳам мешавад.

Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтаанд, ки марди 41-солаи ин ноҳия ҳамдеҳаи 31-солаашро бо чандин зарби табар ба сару пушташ ба қатл расондааст.

Ҳодиса 30-юми март рух додааст. Аз ин қазия кормандони милисаро духтурони бемористони марказии ноҳия хабар додаанд. Бино ба гуфтаи дафтари матбуоти ВКД, 30-юми март тахминан соати 12:30-дақиқа, аз беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба ШВКД хабар додаанд, ҷасади як марди 31-соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба бемористон овардаанд.

Мақомот муайян кардаанд, ки муттаҳам ба қатли марди 31-сола бо дуюмӣ муноқиша карда, бо табар “якчанд маротиба ба сару пушташ задаааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Ҳоло нисбат ба гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?