Қатораи Маскав - Душанбе мӯсафеди 72-соларо пахш карда кушт

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сокини 72-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар истгоҳи роҳи оҳани "Айнӣ - Душанбе" зери қатора монда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса 9-уми октябр, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати қатораи мусофиркашонии Москва - Душанбе дар километри 4 ҳазору 621, пикети №1-и истгоҳи роҳи оҳани “Айнӣ-Душанбе" рух додааст, - хабар медиҳад ВКД,  
 
Дар натиҷа марди солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?