Қазияи 25 аспирант ва муаллими бехонаи ДМТ ба суд рафт

25 нафар аз аспирантони тоҷик, шикоят доранд, ки роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ онҳоро аз хобгоҳи №4 ронда, ҷойхоби онҳоро ба аспирантони хориҷӣ доданист.   

Онҳо мегӯянд, ба комменданти хобгоҳи мазкур, ки дар кӯчаи Маяковскии пойтахт ҷойгир аст, пули хобгоҳро супурдаанд, аммо мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура бо шикояти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онҳоро аз хобгоҳ берун карданиянд.

Бино ба гуфтаи аспирантон, билоохира масъулини ДМТ онҳоро ба суд дода, чанде аз онҳо ба Суди ноҳияи Синои пойтахт даъват шудаанд.

Онҳо мегӯянд, дар ҳоле, ки дар пойтахт дигар ҷойи рафтан надоранд, роҳбарияти ДМТ ба ҷойи онҳо аспирантони хориҷӣ қабул кардаанд, ки аз онҳо пули бештар ситонидан мумкин аст. -Чунин муносибат дар арафаи таҷлил аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беэҳтиромӣ ба олимони ҷавон аст, -мегӯянд онҳо.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия гуфтанд, онҳо ягон аспирантро аз хобгоҳи мазкур ҳаққи рондан надоранд. Аммо онҳое, ки ҳаққи зистан дар ин хобгоҳро надоранд, бояд ҷойро барои аспирантони нав холӣ кунанд.

Нозим Муъминов, сардори Шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ДМТ дар суҳбат ба хабарнигори TojNews гуфт: - Инҳо 25 нафар ҳастанд, ки муҳлати аспирантии онҳо гузашта, ҳаққи зистанро дар ин хобгоҳ дигар надоранд. Аз солҳои 90-ум, аз солҳои 2000-ум дар хобгоҳ ба сар мебаранд. Онҳо аспирант нестанд, номзадҳои илм ҳам шудаанд, муаллимонанд, ки то ҳол дар хобгоҳ меистанд. Тибқи қонун муҳлати зисти онҳо дар ин хобгоҳ гузашта, бисёри онҳо аллакай дар хобгоҳ оиладор ва соҳиби фарзанд шудаанд. Аммо донишгоҳ бояд аспирантони навро ба куҷо ҷой диҳад?

Мо бояд барои аспирантони нав ҷойҳоро дар хобгоҳи мазкур холӣ кунем. Мо касеро нарондем, ронданӣ ҳам нестем. Мо ба мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура шикоят бурдем. Ҳоло парванда ба суд рафтааст, Суди ноҳияи Сино қазияро дида мебарояд, ҳар кадоме аз онҳо ордер, ё иҷозатномаи зистро дар хобгоҳи мазкур дошта бошад, меистад. Аммо онҳое, ки ғайриқонунӣ ҷойҳоро банд кардаанд, мебояд ҷойро барои олимони ҷавон, аспирантҳои нав, чӣ хориҷӣ ва чӣ дохилӣ, холӣ кунанд.     

    

 

Назарҳо

Дар хобгох нафароне зиндаги мекунанд, ки аз канори илм фарсаххо дур буда, факат ба хотири надоштани манзил хучрахоро банд кардаанд. Бояд пеш аз хама онхо бароварда шаванд. Онхо, яъне ин хонумхо баъзеашон аруси худи баъзе масъуилини донишгох ва судяву прокуор мебошанд.
Муъминов, мухлати фаъолияти бесамари шумо хам ба анчом расидааст. Камтар биомуз, вориди мавзуъ шав, баъд ба журналистон мусохиба биорой. Крайни тура ёфтан))) Хобгохи ДМТ соли 2006 истифода дода шуду ту мегуи аз соли 1990 то 2000))) Акнун аз паси шумо бачахако бояд кор баранд. Асрори "Техрони махуф" кушода хохад шуд. Миллионҳо сомони Хукумат барои таъмир чудо мешаваду 10 фоиз сарф карда бакияро ба чайби худу домани маъшукахо мезанед. Аспирантони нав ва аспирантони кухна? Чи вожаи безеб! Аспирантони "нав"ро ба хучрахои шахсони тасодуфи, ба утокхои холи ва блокхое, ки иборат аз се хучраву ба як нафар инъом кардаед, чой намоед. Аз хама аспирантони устувори рохи илм, ки бе ин хам мушкили химояву масъалаи маблаг доранд, даст бардоред. Вагарна шармсор хохед шуд, охундбозиро бас кунед. Окибати нохуш дорад, огои Нозимшох))
Ачабо, Имомзода худ ин кадар банд аст, ки як масъалаи кучак расонаи мешавад? ...
Худи камендант Айниддин Исуфов бояд ба чавобгари кашида шавад. Як мох пеш барои тахкир ва тавхин ба яке аз аспирантон садои уро сабт карда, ба Кумитаи амният шикоят бурданд. Баьдан дигар ба он аспирант ва дустмардаш боэтиром муносибат карда, умуман уро ба суд накашид. Илова бар ин иронихои солмандро бо зердасташ никохи сига карда, дар хобгох хучраеро ба ихтиерашон гузошт. То вакте худи ирони конеь шуду баьд мисли хамаи ирониени дигар корхои илмиву ишкиашро химоя карда рафт. Камендант бояд ба чандин далел вориди сохторхои кудратии кишвар шавад. Фехристи хамаи бошандагони хобгох, чи аспирантони дохили ва чи хоричи ба Кумитаи далхдор пешниход кунад. Дар хамин хол чаноби бузургвор, ректор Имомзода кудрати иваз кардани як мудири хобгохро надорад ва дашномхои уро меьёр мехисобад шояд. Гарчанде хуб огах шуд, ки хамаи ин намоишнома кори камендант аст. Шахси чангандоз, дуруя, манфиатчу аст. Холо сабр кунед, чи гуна барои чой додан ба ашхоси тасодуфи ва махалгарои чавоб медихад. Хамчунин барои хакоратхои кабехаш расман дар расонахо узр мепурсаду баьдаш дар утокхои пуштибонхои конун нишастхо хохад дошт. Рахмат ба Точнюс!

Шояд шумо суол ё назаре доред?