Ҳафт медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти дзюдо дар Ӯзбакистон

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон ҳафт медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқа 8-9-уми ноябр дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбакистон баргузор шуд, варзишгарони ҷавони тоҷик  ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.

Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ медиҳад, дар мусобиқаи мазкур 200 варзишгар аз шаш кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон – ширкат варзида, дар  8 вазн  вориди сабқат гардиданд. Мусобиқа ҳам миёнидухтарон ва ҳам миёни писарон баргузор гардид.

Ҳайати варзишгарони Тоҷикистон аз 23 варзишгар иборат буд. Варзишгар Эраҷ Абдуллоев дар вазни то 66 кг, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кг бар ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф гардиданд.

Чор намояндаи дигари Тоҷикистон -  Фирдавс Назаров дар вазни 56 кг, Салмон Раҳмихудоев дар вазни 66 кг, Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни 90 кг  ва Ардашер Мирзоев  дар вазни зиёда аз 90 кг барои ба даст овардани мақомҳои дуюм бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ гирифт.

Иштирокчиёни ин мусобиқа барои дарёфти  имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати пайдо кардани роҳхатҳо барои иштирок дар  Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ӯзбакистон бо касби 14 медали тилло ғолиб шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?