Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: 3 “гуноҳ” бо шумули “таҳқири Пешвои миллат”(2)

Шамсуддин Орумбеков

 Худи ҳамон рӯз, яъне 21.10.2016 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо имзои вазир Шамсуддин Орумбеков, ки вазораташ маъмури  бақайдгирии ВАО аст, ба Шӯрои ВАО - мақоми худидораи журналистӣ нома равон мекунад, ки рӯзҳои баъдӣ ба мо низ дастрас шуд.

 Муҳтавои нома ҳамон буд, ки соле пеш боиси тамдид накардани иҷозатномаи қайди “Нигоҳ” гашта буд ва шарти сиёсӣ дошт: интиқод накардани фаъолияти президент ва ном набурдани аҳли оилаи ӯ ва во –аҷабо (!) танз накардани Шабнами Сурайё ва Нозияи Кароматулло. (“Нигоҳ” ҳамон шабу рӯз ташхис дод, ки ин амал аз ҷониби ба истилоҳи худаш “вазири журналистони тоҷик” мудири Раёсати табъу нашри вазорат Давлат Сафар роҳандозӣ шуда, вазир бозичаи дасти ӯ гаштааст. Ин хулоса бо далелҳо ба вазир Орумбеков пешниҳод гашта буданд ва иҷозатнома тамдид шуда буд.)
 Ин дафъа баҳонаи қавӣ менамуд: барқасдона ба хатогии техникӣ роҳ дода, ҳарфи «Л»-ро дар калимаи “президент” ҷой додан.
 Ва шарҳи булаҷабтаре: Яъне бо ишора ба хуш доштани президент ба лентабурӣ ҳангоми ба истифода додани  идораҳои гуногун ва иншоотҳои  тиҷоратӣ  «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», “Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Пешвои миллат»- ро таҳқир намудааст ("Гуноҳи" № 1).

 Ҳамчунин гӯё, ки ҳафтанома бо нашри шеъри  Исфандиёри Назар “аз оғоз то анҷом  таҳкири шахсиятҳои олимақоми сиёсии кишвар мебошад”. ("Гуноҳи № 2").

Шеър ҳамин аст:

ҲАРҶО ПАҲАНДИ ВАЪДАВУ...

Эй он, ки мехӯрӣ қасам ҳар дам ба номи халқ,

Аммо чу заҳр мечакӣ ҳар дам ба ҷоми халқ!

Танҳо калом мерасад аз роҳбарии ту,

Аммо намерасад ба ту ҳаргиз каломи халқ.

Ҳарҷо паҳанди ваъдаву доми дурӯғу зарқ,

Густурдаӣ, ки бингарӣ худ инҳидоми халқ.

Бар эҳтироми хештан маҷбур мекунӣ

Ин халқрову худ накунӣ эҳтироми халқ.

Бар боми номи халқ ниҳӣ пои худ ба фахр,

Фардо ба хок мезанӣ аммо зи боми халқ!

Аз хашми ту панаҳ барад халқе ба Кирдигор,

Аммо ту бар кӣ мебарӣ аз хашми оми халқ?

Аз доми ту раҳо шавад мардум ба лутфи Ҳақ,

Оё ту ҳам раҳо шавӣ фардо зи доми халқ?

04.10.2016. Олмон

Ташхисдиҳандагон боз ҳам Шамсуддин Орумбеков ва Давлат Сафар, на хулосаи коршиносони ягон ниҳоди зирабт  мутахассиси эътирофшуда.

Ҳамчунин „Нигоҳ“ сафари “Пешвои миллат”- ро ба яке аз минтақаҳои кишвар ба танз кашидааст. ("Гуноҳи № 3"). Он гузориш ҳам дар шабака ҳаст.
 Бале, иттиҳоме пуч ва хандаовар.  Ин се “гуноҳро” мо на он рӯз пазируфтему на имрӯз зарур медонем шарҳу тавзеҳ диҳем, зеро ба ҳадди “мутаҳҳамкунон” кӯчаку ҳақир нестем. Созмонҳои журналистӣ низ ҳич ҳолати нақзи ҳуқуқ ё меъёри ахлоқии журналистиро дар онҳо наёфтанд. Агар зарур медонед, он матолибро хонеду худ қазоват кунед. Аммо таваҷҷуҳ кунед, ки вазир навишта посухи Шурои ВАО маҳз ба Давлат Сафар равон карда шавад".  

 

Назарҳо

Шармандахо!!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?