Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: баҳси Дмитрий Рогозин ва духтарҳои мактабхони тоҷик (7)

Аз рӯи ишораҳо дар саҳифаҳои нашрия ба прокурор ҳамчунин мақолаи танқидии “Нигоҳ” оид ба протоколи вохӯрии муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин дар Душанбе бо номи «Душизаҳо барои  миллатгарои рус» сахт писанд наомадааст.  

Ҳарчанд ин  мавзуъ ҳанӯз моҳи майи соли 2016 дар мулоқоти пӯшидаи муассиси  «Нигох» Саймуддин Дустов бо хоҳиши  Прокурори генералӣ  Юсуф Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

  Дар ин вохурӣ  Дустов ишора ба он кард, ки истифода аз меҳнати духтарҳои мактабхон, хоса аз мактаби № 15 шаҳри Душанбе зимни вохӯриҳои расмӣ, хоса дар вақти таҳсил, бе иҷозати волидони онҳо ғайриқонунӣ аст ва тақдири аксари ин духтаракон журналистони “Нигоҳ”-ро бетараф гузошта наметавонад.

 Дар рафти пурсиш муфаттиш ҳамчунин хабарнигоронро бо хулосаи  чанд вақт пештар омоданамудаи коршиносон ба мақола дар бораи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи назҳати исломии Тоҷикистон (“Тақдири ҳизби авлодӣ”, Нигох, № 27(509) аз  5 октябри соли 2016 , муаллиф: Абдуманнон Шералиев ) шинос намуд.  Хулосаро Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои  Тоҷикистон аз рӯи муроҷиати КДАМ дода, маводро “тарғиби фаъолияти террористӣ” дониста аст. Пурсиш шаби 24 октябр ба поён расид.

25 октябр ба Саймуддин Дустов таҳдид карданд, ки  “ба масъалаҳои амнияти миллӣ дахолат накунад”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?