Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Барномаи “Ҳифзи Озодии баён дар Тоҷикистон” кор надод (9)

7 ноябри соли 2016  аз ҷониби ҶМ «ИНДЕМ»  лоиҳаи «Нақшаи роҳ оид ба ҳифзи Озодии баён дар Тоҷикистон» тартиб дода шуд. 

Ин нақша ба се ташкилоти журналистӣ: Шӯрои ВАО (Хуршед Ниезов), Созмони «Хома» (Шаҳло Акобирова) ва НАНСМИТ (Нуриддин Қаршибоев) ва  16 нафар журналистон, ҳамчунин ба чанд ташкилотҳои байналмилалии журналистӣ фиристода шуд.  Ин Нақшаи роҳ чунин таркиб дошт:

  1. Таҳияи Баёнияи бунёдгузор ва кормандони «Нигоҳ» - Масъул С. Дӯстов
  2. Таҳия ва пахши баёнияи муштараки НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО – Масъул  Нуриддин Қаршибоев
  3. Ташкили Кумитаи фавқулоддаи ҳифзи озодии баён»

(дар ҳайати зерин: Зафар Мирзоен, Иброҳим Усмон, Нусратулло Юсуфбеков, Нуриддин Қаршибоев, Иззатманд Саломиён, Абдумалик Қодиров, Хуршеди Атовулло, Мухтор Боқизода, Саймиддин Дӯстов, Раҷаби Мирзо, Илҳоми Ҷамолиен, Шамсия Қосим, Ҳуринисо Ализода, Мансур Суруш, Суҳроб Зиё,  Исфандиёри Одина, Ойниҳол Бобоназарова, Умед Ҷайҳонӣ ва Дориюши Раҷабиён, Умед Бобохонов, Зафари Суфӣ, Ҷамшед Улмасов, Адолати Мирзо, Сайёф Мизроб, Заринаи Хушвакт Фаррухшо Ҷунайдов, Соро Мародалиева ва дигарон)

Номзадҳо барои ҳамраисии Кумита: Иброҳим Усмон, Адолати Мирзо ва Нуриддин Қаршибоев.

Кумитаи мазкур аз ду зеркомиссия иборат буда метавонад:

  1. Комиссияи мониторинги озодии баён дар Тоҷикистон (тарҳи Шӯрои ВАО)
  2. Комиссияи кумаки ҳуқуқӣ ва дидор бо журналистони боздоштшуда  (тарҳи НАНСМИТ).
  3. Ҳамчунин: Интихоби адвокат барои “Нигоҳ”, Маҳмадюсуф Исмоилзода ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода. (Адвокати “Нигоҳ” бояд таҷрибаи ширкат дар мурофиаро дошта бошад).
  4. Таҳияи фарохон (петитсия) бо ҷамъоварии имзоҳо. Масъулон: Шаҳнози Ниезбоқӣ, Исфандиёри Одина ва Шаҳноз Комилзода.
  5. Номаи кушодаи муҳаррири “Нигоҳ” Фаридун Раҳнавард ба Юсуф Раҳмон
  6. Изҳороти хайрбоди кормандони Тоҷнюс
  7. Номаи дастаҷамъонаи муҳаррири Тоҷнюс, муҳаррири “Нигоҳ” ва раиси СҶ “ИНДЕМ” ба Президент
  8. Оғози марафони миллии «Озодии баён ва гуногунандешӣ: Номаи изтироб»

(Дар доираи ин иқдом, шуруъ аз 14.11.2016 то 21.03.2017 ҳафтод тан аз чеҳраҳои  саршинос ба ҳукумат, президент, ҷомеаи шаҳрвандӣ номаи боз менависанд, ки дар гӯшаи махсуси кулли ВАО –и Тоҷикистон ва гуруҳи вежа дар Фейсбук чоп мешаванд.  Номаҳои изтироби Зафар Мирзоён, Сафар Абдулло, Муъмин Қаноат, Фарзона, Гулрухсор, Ойниҳол Бобоназарова, Барзу Абдураззоков, Иброҳим Усмон, Умед Ҷайҳонӣ, Дориюши Раҷабиён, Рустам ва Шариф Шакурӣ, Сафарбеки Солеҳ, Ортиқи Қодир, Қурбони Собир, Гулчеҳра Мирзоева, Мансур Суруш, Умед Бобохонов, Зафари Суфӣ, Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо ва дигарон дар ВАО ҳар  рӯз як адади рӯи чоп омада, баъдан номаҳои 7 сафир низ нашр мегарданд.

Масъулон: Зафар Мирзоён, Абдумалик Қодиров, Маҳинаи Даврон ва Фаридун Раҳнавард (танзим).

 Икдоми нигаронии байнулмилалии «Аз давлати Тоҷикистон даъват мекунем… »  

(дар доираи ин иқдом ҳар ҳафта нома, баёния ё муроҷиати созмонҳои журналистии байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, назири «Хабарнигорони бидуни марз», Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ), «Амнести интернешнл», Фридом Хаус ва ғ. дар ВАО дар гӯшаи махсус чоп мешавад)

Масъулон: Шамсия Қосим, Дориюш Раҷабиён

Се тадқиқоти журналистии ба сомоннорасидаи «Нигоҳ» ба расона ва журналистони зерин вобаста шавад:

                а) парвандаи «Бозори 249-сомона» (АП - Меҳрангез Турсунзода);

                 б) парвандаи «Фурудгоҳ».  Озодагон, Сайф Сафар ва Абдулазизи Восеъ;

                 в) парвандаи «Ёров». Фараж. Хуршед Атовулло

               Натиҷаҳои ҳар се  тадқиқоти журналистӣ то 21 ноябр якбора дар 5-6 расона чоп  мешаванд. Масъули назорат Хуршеди Атовулло.

 Таъсиси Комиссияи ҷамъиятии вежа аз ҷониби Кумитаи фавқулоддаи ҳифзи озодии баён»  чиҳати таҳқиқи сабаби қатъ шудани нашри «Нигоҳ». Созмонҳои журналистӣ метавонанд аз Ҳукумати Тоҷикистон низ дархости ташкили Коммисияи ҳукуматиро кунанд.

Хулосаи комиссияи мустақил ба ҳукумат ва ҷомеа бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ пешниҳод мешавад.

Масъулон: Нуриддин Қаршибоев ва Раҷаби Мирзо. (Поёни барнома)

Созмонҳои журналистӣ  ва рӯзноманигорон, ба истиснои ду нафар аз ҷамъ омадан ҷиҳати баррасии Нақшаи роҳ даст кашида, ба ҳамоиш наомаданд.

 Ҷомеаи журналистӣ ҳамчунин ташаббуси дигаре дар ин самт роҳандозӣ накард. Тибқи мо корманди олирутбаи КДАМ Хуршед Бойматов бо раҳбарони созмонҳои журналистӣ вохӯрда,  онҳоро бовар кунондааст, ки “қарор дар сатҳи болоӣ”  қабул шудааст ва ба баррасӣ ниёз надорад. Баъди ин Нуриддин Қаршибоев ва Хуршед Ниёзов ба мактубҳо ва паёмҳоии муҳаррир ва муассиси  «Нигоҳ» ҷавоб надоданд.

  Чанд кӯшиши кормандони  «Нигоҳ» барои гирифтани таҷҳизот аз бинои  «Рӯдакӣ Плаза»  бенатиҷа анҷом ёфт.

Назарҳо

хайхоот
И мардако хамара чазир карда будан да
Курнамак хасти, Саймуддин! Мо ба умед будемю ки аклат даромадаасту ба манфиати миллат корро аз нав огоз мекуни, аммо, ту аз гарази шахсию гурухи дур нарафти!
Забони ифлосатро нигоҳ дор, палид! Дуруғҳоят фош шуданду безобита шудӣ?! Беҳтар набуд, ки нусхаи номаи ҷавоби навиштаат ба пешниҳоди "Нигоҳ" ро Ба чашми журналистону мардуму ҳукумат хок пошиданат ба охир расид! чоп мекардӣ? Нест? Пас ба кадом руй, шаттоҳӣ мекуни?! Ҳоло ҳам, ки дер нашуда, аз рӯзноманигорон узр пурсида, аз майдони матбуот дафъ шав!!! Хидмати миллат мегӯӣ? Ин ҳамон аст, ки ман мекунам, на он аст, ки ту, нобакор! Ба пули хориҷиён ҷаласа ба ҷаласа, шаҳр ва шаҳр гашта, ҷалабӣ кардан хидмати миллат аст?! Соле ду бор гузориш пахш кардану бо пули дигарон ду кофебрейк ташкил кардан хидмати миллат аст? Ту бо созмони дуруғинат қиммати як тадқиқоти "Нигоҳ"ро надориву аз хидмат ба миллат мегӯӣ?? Ғамгин бош, шаттоҳ! Мо ба кор шуруъ мекунем, вале шарташ дафъ кардани пойҳои бадбуйи ту аз гардани журнализми тоҷик аст... Аз Озода Раҳмон то Саймумин Ятимов аз ин ба баъд хоки ту гандумнамои ҷавфурӯшро хоҳанд бехт. Рав арақата нӯш, вале ресмон накоб!

Шояд шумо суол ё назаре доред?