Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: бозпурсии масъулон дар Прокуратураи генералӣ (6)

25.10.2016 ду масъули ҳафтаномаи «Нигох»: муассис ва раиси Шӯрои муҳаррирони “Нигоҳ”Дустов Саймуддин ва муҳаррири масъул Фаридун Раҳнавард ба Прокуратураи генералӣ даъват шуда, то шаб мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд.

 Дар рафти бозпурсӣ маълум гашт, ки ӣар замми иттиҳомоти Вазорати фарҳанг  Прокурори генералӣ ҳамчунин кормандони “Нигоҳ” ро дар интиқоди мавзеъгирии ӯ дар баробари дубора ҷорӣ кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон муттаҳам медонистааст. (“Қатли қонун”, Нигоҳ, аз 8 августи соли 2016).

Рӯзноманигорон иддаои бардуруғи  ба сарашон боршударо рад намуданд.  Онҳо баёнот доданд, ки ҳарфи  «Л»-ин хатогии техникӣ буда, танқиди ҳукумат бошад марбути фаъолияти онҳост.  Ва хотирасон намуданд, ки барои ин хатогии техникӣ, як рӯз баъд, яъне 6 октябр “Нигоҳ”  расман аз хонандагон узр пурсида буд. (http://tojnews.org/tj/news/taskhekh-va-arzi-mazarat).

 Муфаттиш Усмон Холиқзода  ба онҳо чор шумораи ҳафтаномаро нишон дод, ки Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар саҳфаҳои он ёддошт ва ишораҳо карда буд.

 Дар миёнаи онҳо мақола оид ба «Қазияи вакил Бузургмехр Ёров» буд.
Бояд қайд намуд, ки  “Нигоҳ”  дар ин хусус  тадқиқоти журналистӣ бурда ва бо факту далел фармоишӣ будани иттиҳомот дар ҳаққи  Бузургмехр  Ёровро (http://tojnews.org/tj/news/parvandai-no-1-i-siyosi-tadkikoti-zhurnalisti...)  аз рӯи панҷ банди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда буд.

  Дар натиҷаи ин тадқиқот кормандони  «Нигох» муайян намуданд, ки  бархилофи афкорсозиҳо дар ҷомеа ва хати ҳимояи худи Бузургмеҳр Ёров қазияи ӯ ба ҲНИТ ягон рабт надорад, балки баҳона асту бас.
  Тадқиқот собит сохт, ки КДАМ низ ба ин қазия ягон муносибат надорад. Ангезаи ин қазия қасдгирӣ барои фаъолияти касбии Бузургмеҳр Ёров  барои ҳимояи моликони чанд иншооту бозор мебошад. Дар ин қазия манфиатҳои шахсии ду мақомдор дар мадди авввал гузошта шуда, имиҷи сиёсии Тоҷикистон қурбон шудааст. 
Иттиҳомоти дигар ҳам буданд, ки дар қисми дигар оварда мешаванд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?