Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Ду ҳайати санҷишгар дар дафтар (1)

Субҳи 21.10.2016 ба дафтари ҳафтаномаи «Нигоҳ», воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт  се нафар масъули баландпояи Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ  ворид шуданд.

Эшонро хушомадед гуфтему мақсадашонро пурсидем. 

Посух кутоҳ буд: санҷиши ғайринавбатӣ. Тааҷҷуб накардем, ҳарчанд чанде пештар бинои хонаи ҳамсоя оташ гирифта буду дар тамоми биноҳои маҳалларо ба масал “аз ғалбер” гузаронида буданд.

Ним соат баъд маълум кардем, ки  кормандони Хадамоти оташнишониро ду корманди оперативии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) роҳнамоӣ мекунанд. Зиёд шигифтзада нагаштему ташвиш ҳам нашудем: соле ду ё се бор ин ё он мақомот суфориши ҳукумовҳою пировҳою холиқовҳоро иҷро мекарданду мо мулоим муқовимат карда, ҳар бор ҳам пирӯз мешудем.  

Ин дафъа ҳам шароит офаридем, то санҷиш баргузор гардад.
 Нисфирӯзӣ онҳо дафтарро тарк карданд. Кӯшиши гирифтани шарҳи расмӣ аз Сардори Хадамоти оташнишонӣ натиҷа надод.
Барномаи поккории компютерҳоро фаъол кардему асноди заруриро аз дафтари нашрия берун намудем.

 Баъди чанд дақиқаи берун шудани онҳо бо тафтиши ғайринавбатӣ кормандони Кумитаи андоз вориди дафтар шуданд. Боз ҳам кормандони қаторӣ на, “калоншавандаҳо”. Шароит офаридем, то санҷиш кунанд.
 Натиҷаи санҷиши Хадамоти оташнишонӣ ду рӯз баъд маълум шуд: “Бино ва худи созмон баста шаванд!”
 Бо номаи расмӣ аз Хадамоти оташнишонӣ пурсидем, ки “Созмон?!! Бо қарори Хадамот?” ва ҳам расонидем, ки қарорро тариқи додгоҳ бекор мекунем.
Посух кутоҳ буд: “ҳама дарҳоро муҳр мезанем”. То нозирон  расиданд, ки  дафтарро кӯчонидем.
 Як тан аз ходимони шухи нашрия барои Хадамоти оташнишонӣ чанд аломат насб кард. Он рӯз мо намедонистем, ки тақрибан ҳамин хел посух барои мо ҳам омода шудааст:

Copyright @2018 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?