Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: “Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ” (8)

26 октябр аҳли эҷоди нашрия  «Нигох»  ба қарор омаданд, ки ҷиҳати ҳифзи кормандони нашрия (саҳифабанд, мусаҳҳеҳ  ва муаллифи гузориши сафари Президент, муҳаррири масъул ва сармуҳарир) муваққатан аз шарҳи ҳаводис ва фаъолият даст кашанд то ба ҳабс шудани журналистон  роҳ надиҳанд.

  Дар бораи тамоми амалҳои  худ редаксия ташкилотҳои журналистӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва корпуси дипломатии муқими Душанберо огоҳ намуд.

 29 октябри соли  2016 Саймуддин Дустов  ва Фаридун Раҳнавард ҳудуди Тоҷикистонро  тарк намуданд.

2 ноябри соли 2014 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост ба додгоҳ дар бораи барҳам задани ҳафтаномаи «Нигоҳ»  ва Хабаргузории иттилооти  TojNews   муроҷиат намуд.

 Редаксияи  «Нигоҳ”  пешакӣ дар бораи ин қарор маълумот пайдо кард, бинобар ин  як рӯз пеш қарор оид ба қатъ намудани фаъолияти ВАО ро ба тавсиб расонд. Тибқи ин қарор 2 ноябр “Нигоҳ” ва 14 ноябр  TojNews  фаъолияти худро қатъ намуда, изҳороти хайрбодӣ пахш карданд.

 Дар бораи ин қарор ба мақомоти бақайдгирӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва Прокуратураи генералӣ номаҳо ироа шуданд.

 2 ноябри соли 2016 идораи рӯзнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон нома ирсол намуд, ки дар он оид ба фишор аз ҷониби КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ба журналистон маълумот пешниҳод шуд.
Дар ин нома ҳамчунин  таъсиси ҳайати ҳақиқатёб ё комиссияи ҳукуматӣ  ҷиҳати таҳқиқи қазияи «Нигоҳ» дархост шуд. То ҳанӯз ба он нома посух нест.

Назарҳо

Ана гап то кучо будааст...

Шояд шумо суол ё назаре доред?