Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Нақшаи идораи рискҳо ба кор даромад (5)

 Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»:

24 -уми октябр дафтари “Нигоҳ”, дар чорчуби нақшаи пешаки омоданамудаи идораи рискҳо ба комплекси «Рудакӣ Плаза» кӯчонда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамчун як расонаи миллӣ Нақшаи амал дар шароити изтирорӣ, мисли ҳамоишҳои эътирозӣ, табадуллоти давлатӣ ва ғ.ҳ. доштанро масъулияти худ медонистем.

 Нимаи аввали рӯзи 25 октябр масъулини КДАМ  аз молики бино-хеши наздики президент талаб намуд, ки шартномаро бо редаксия бекор намуда, хабарнигоронро ба бино даромадан намонад. Баъди чанд занги телефонии бебарор кормандони амният маҷбур шуданд, ки ба бино ташриф оранд ва дар назди даромадгоҳ рӯзноманигорон онҳоро шинохтанд.

 Кори идораро мутаввақиф карда наметавонистем, чун ба он бовар будем, ки қарори сиёсӣ дар мавриди “Нигоҳ” ҳанӯз қабул нашудаасту КДАМ ҳам суфориши харпулеро иҷро мекунад. Ҳарчанд иттилоъ доштем, ки раҳбари нави Дастгоҳи иҷроия Озода Раҳмон ва Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон рӯи як тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ҷиҳати муҷозот барои таҳқири “Пешвои миллат”кори муштарак доранд, аммо маълумоти кофӣ барои таҳлили вазъ набуд.
Аҳли эҷоди “Нигоҳ” ва Тоҷнюс батамом ба фаъолияти майдонӣ гузашта, аз кафеву ошхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ хабару гузориш пахш мекарданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?