Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Такрори таърихи “Бухорои шариф”(10)

1 декабри соли 2016 роҳбарияти Созмони  «ИНДЕМ” бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ  барҳам задани  нашрияи «Нигоҳ» ва  хабаргузории TojNews дар Тоҷикистонро такрори таърихи барҳам задани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ  “Бухорои шариф” ва воқеъият эътироф карда, дар бораи  қатъ намудани фаъолияти Агентии тадқиқоти журналистӣ, қатъ намудани хизматрасониҳоии мониторинг ва машваратӣ, минҷумла аз рӯи шартномаҳои мавҷуда аз санаи 1 январи соли 2017 қарор қабул намуд.

То имрӯз ҳич яке аз тарҳҳои созмон фаъол набуданд.
Қарор аст, ки бо даст додани шароит фаъолиятҳои расонаӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башари созмон дар пойизи соли ҷорӣ аз нав гирифта мешавад. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?