Ҳаким Фузайлов барои бозӣ бо Фаластин 7 легионер даъват кард

Ному насаби 23 бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозӣ бо мунтахаби Фаластин, рӯзи чоршанбе, 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозӣ хоҳанд кард, эълон шуд. 

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар ин бора иттилоъ дод. 

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин бозӣ 7 футболбози тоҷик, ки дар дастаҳои Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Булғористон ва Беларус бозӣ мекунанд, даъват шудаанд.

Инҳо дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), ҳимоятгар Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), ҳимоятгар Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов ва нимҳимоятгар Нуриддин Давронов (ҳарду аз «Дунав», Булғористон), нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус) мебошанд.

Қобили зикр аст, ки омодагӣ ба ин бозиро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 2 октябр оғоз кард. Мунтахаби футболи Фаластин имрӯз ба Душанбе омада, дар меҳмонхонаи «Атлас» қарор мегиранд. Бозиро ҳайати доварон аз Қазоқистон доварӣ карда, сардовар Денис Измайлов таъин шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?