Ҳалокат як нафар дар садамаи “Спринтер” дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

Як сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар натиҷаи садамаи мошини автомашинаи тамғаи “Спринтер” ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса субҳи рӯзи 29-уми октябр рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Спринтер” марди 44-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар километри 134-уми ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хоктудаи канори роҳ бархӯрдааст.

Бар асари ин садама марди 34-сола сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ва дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?