Ҳалокати 84 тан бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул

Рӯзи якшабеи гузашта маросими ба хоксупории 84 қурбонии инфиҷори Кобул баргузор шуд ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти ин кишвар рӯзи якшанберо ба поси хотири қурбониён дар мамлакат рӯзи азои умумӣ эълон кард.

Аъзои “Ҷунбиши рӯшноӣ” ва хонаводаҳои шуҳадои рӯзи шанбе давлати Ғаниро ба нотавонӣ дар таъмини амнияти сокинон муттаҳам карданд. Генерал Муродалии Мурод, муовини раиси Ситоди артиши Афғонистон дар посух ба иддиои бозмондагони қурбониён гуфт, ки на давлат, балки душманони мардум омилони аслии қатли ин афрод мебошанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки давлат натвонистааст омили аслии ин таркиши маргбор ва ҳуввияти ӯро мушаххас кунад. Инфиҷори маргбор рӯзи шанбе дар пойтахти Афғонистон миёни ҳазорон тазоҳуркунандагон аз ҷумлаи ҷонибдорони “Ҷунбиши рӯшноӣ” рух дод.

Бино ба гузоришҳо се маргталаб дар маҳалли мухталифи тазоҳурот ҳамзамон худро инфиҷор доданд, ки бар асари он даҳҳо тан ҷони худро аз даст додаву садҳои тани дигар захмӣ шуданд.

Тазоҳурот аз ҷониби “Ҷунбиши рӯшноӣ” роҳандозӣ шуда буд ва ширкаткунандагонаш аз давлати Кобул талаб мекарданд, ки хати барқи Туркманистон аз тариқи Бомиён ва Вардак кашида шавад, чун аҳолии ин минтақа аз бебарқӣ мушкилоти фазоянда доранд.

Пулис мехост аз вуруди тазоҳуркунандагон ба маҳалии иқомати давлат ҷилавгирӣ кунад ва нагузорад, ки ба кохи раёсати ҷумҳурӣ раванд. Ожонсии афғонии TOLO хабар дод, ки теъдоди куштагони ин ҳамлаи интиҳорӣ ба беш аз 80 тан расид ва шумори захмиён болотар аз 200 нафар аст.

Дар миёни ҳалокшудагон даҳҳо тан кормандони пулис ҳастанд, ки назму суботро назорат мекарданд.

Ожонсии хабарии Reuters истинодан ба манобеъи худ дар Кобул иттилоъ дод, ки масъулияти ин ҳамлаи маргборро ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?