Ҳалокати ду куҳнаварди рус дар қуллаи Исмоили Сомонӣ

Михаил Волков ва Наталя Светова, ду куҳнаварди рус

Михаил Волков ва Наталя Светова, ду куҳнаварди рус ҳангоми боло шудан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ (собқи қуллаи Коммунизм) ҳалок шудаанд.

Михаил Волков раиси клуби куҳнавардони МАИ ва Наталя Светова шарики ӯ будааст. Бино ба гузориши сомонаи расмии Федератсияи куҳнавардони Русия ин фоҷеа 14-уми августи соли равон, соати 07:50 дақиқаи субҳ дар шонаи қуллаи Исмоили Сомонӣ рух додааст.

Дар баландии 6800 метр аз сатҳи баҳр гуруҳи куҳнавардон дар ҳайати се нафар ба тарма рӯ ба рӯ шудаанд. Ин тарма куҳнавард Павел Световро поин партов кардааст ва Волков ва Наталя Световаро ба шарқ, ба самти пиряхи Орҷоникизе ҳаво додааст.

Баъди раҳоӣ аз тӯдаи барф, Павел Светов дӯстонашро ҷуст. Аммо ҳар қадар талош мекард, дар атрофаш онҳоро намедид. Ҳангоми поин шудан вай банохост яхрӯби Наталяро пайдо кард.

Танҳо шоми ҳамон рӯз, баъди талошҳои зиёд ин хабарро ба марказ ирсол кард: ҳарду ҳалок шудаанд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки дар гузашта қуллаи Сталин ва баъдан Коммунизм номида мешуд, дар қаламрави ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин ба шумор меравад.

Баландии он 7495 метр аз сатҳи баҳр мебошад. Ин қулла дар рӯйхати баландтарин қуллаҳои олам дар ҷойи 50-ум қарор дорад.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?