Ҳалокати ду тоҷик дар даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва гурҳуи Толибон

Бар асари роҳандозии як амалиёти зиддитеррористӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон ду шаҳрванди Тоҷикистон низ кушта шудаанд.

Бино ба гузориши волии вилояти Бадахшон ин амалиёт рӯзи 1-уми июн баргузор шудааст ва нерӯҳои давлатӣ бо гуруҳи Толибон дар ин минтақа даргир шудаанд. Манбаъ мегӯяд чор тан аз узви ин гуруҳ бо шумули як фармондеҳ боздошт шудаанд. 

Волусволии Куфоб, ки маҳалли даргирӣ бо Толибон унвон шудааст, бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз аст. Аз ин пештар ҳам дар бораи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва ва гуруҳҳои Толибон дар вилояти Бадахшон гузоришҳо мерасиданд.

Бори аввал зарфи як соли охир аз ширкати тоҷикон дар набрдҳои зиддидавлатии Афғонистон гузориш мерасад. Вале дар хабари интишорёфта ҳоло ҳам мушаххас нест, ки ин тоҷикон аз ҷониби Толибон меҷангиданд ва афроде буданд, ки тасодуфан ба минтақа омадаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?