Ҳалокати писарбачаҳои 12-сола бар асари сонеҳаи нақлиётӣ дар Қурғонтеппа ва Ваҳдат

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд дирӯз 16-уми сентяб бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияи Ваҳдат ду писарбачаи 12-сола ба ҳалокат расидаанд.

Соати тахминан 8:30 дақиқаи субҳи рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахти кишвар ба тарафи шаҳри Ваҳдат, дар назди деҳаи Пистамазор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 12-солаи сокини деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдатро пахш кардааст. Ин писарак бар асари ҷароҳати вазин дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Худи ҳамин рӯз, бегоҳӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 44-солаи сокини шаҳри Сарбанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Қурғонтеппа бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 12-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппаро пахш кардааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?