Ҳамидулло Фақеров: Волидайн аз мактаб ба мо шикоят кунанд

Ҳамидулло Фақеров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар арафаи оғози соли хониш ба саволҳои «Нигоҳ» дар бораи шароити таълим дар соли нави хониш посух дод.

Омодагиҳо ба соли нави хониш дар кадом сатҳ аст? Ба назаратон мушкилоте, ки дар рӯзҳои аввали таҳсил ошкор мешаванд, кадомҳоянд?

- Ташаккур, масъалаҳои маорифро пӯшида нигоҳ дошта намешавад. Соли  ҷорӣ шароит ва омодагӣ нисбат ба солҳои  қаблӣ беҳтар аст, вале тағйир ёфтани воқеият мавҷуд мебошад.  Яъне эҳтимоли зиёд шудани теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Соли хониши  2015-2016 зиёда аз 20 ҳазор хонанда ба синфи  якум  қабул  ва зиёда аз 180 ҳазор хонанда ба таълим  фаро гирифта  шуданд. 4888  хонанда зиёд гардида буд.  Мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст надорем, чунки соли гузашта ва нимсолаи  аввали соли  ҷорӣ  чандин  мактабҳо  ва  биноҳои иловагӣ  сохта  ба  истифода  дода шудаанд. Миқдори фарогирии хонандагон ба таълим  дар чаҳор ноҳияи пойтахт  фарқ дорад. Бо назардошти зичии аҳолӣ дар бархе ноҳияҳо таълим дар ду баст аст ва шароит барои гузарондани дарси иловагиро танг мекунад. Дар бархе ноҳияҳо таълим  дар як баст сурат мегирад ва дар инҳо имконияти гузарондани дарси иловагӣ аст. Дар муассисаҳои  таҳсилоти  умумии № 44, 11-и ноҳияи Сомонӣ, №29,23, 39-и ноҳияи Шоҳмансур фарогирӣ аз рӯйи меъёр аст, яъне дар як баст. Дар муассисаҳои дигари ҳамин ноҳияҳо боз талабот ба басти дуввум аст. 

Норасоии омӯзгорон, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва фанҳхои дақиқ яке аз мушкилоти соҳа буд, ин масъала то куҷо ҳалли худро ёфт?

Ҳоло  ҳам нарасидани омӯзгорони фанҳҳои  дақиқ  ва забони русӣ ҷой дорад. Чораҳои заруриро андешида истодаем. Маориф  «рафтану омадан»-и омӯзгоронро  дорад. Барои тайёр кардани омӯзгорони ин фаннҳо солҳои зиёд даркор аст. Қонун таҳсилро  аввал  бо забони давлатӣ ва баъд ба забони ақалиятҳои миллӣ  иҷозат додаст. Айни ҳол дар муассисаҳои шаҳр 30 ҳазор хонандагон дар  гуруҳҳои  русӣ таҳсил мекунанд. Дар ҳоле, ки миқдори русзабонҳо дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3-4 дарсадро ташкил медиҳанд. Талабот ба гуруҳҳои русӣ  зиёд аст, ҳарчанд ба волидайн мефаҳмонем, ки аввал омӯзиши забони давлатӣ меистад. Шояд дар солҳои баъдӣ нарасидани омӯзгорони ин фаннҳо ҳал гардад. Инҷо дар баробари хатми донишгоҳҳо, доштани таҷрибаи педагогӣ ҳам зарур аст.

Бо сар шудани соли нави хониш сару садоҳо атрофи  маблағи моҳонаи  мактаб ва қонеъ набудани волидайн аз сифатаи таълим зиёд мешавад, сабаб чӣ аст?

 Мутаассифона,  ин овозаҳо масъалаи доғ ва аввали маорифи пойтахт аст. Дар ҳар як мактаб Кумитаи волидайн фаъолият дорад ва ҳар иқдоме пеш гирифта мешавад, дар асоси ташаббус ва машварати ҳамин ниҳоди ҷамиятӣ аст. Яъне волидайн розигӣ медиҳанд. Боз ҳастанд волидайне, ки дар ҷаласаҳои кумита иштирок намекунанд, вале иқдоми ин Кумитаро қабул надоранд ва ба ҷойи он, ки дар муҳити мактаб норозигии  худро баён кунанд,   дар муҳити дигар мегӯянд. Ё дар мавриди таъмир ҳам, ин масъалаҳо аввал дар мактаб баррасӣ мешаванд ва волидайн розигӣ медиҳанд, вале аз саҳни мактаб дур шуданд, «назарашон» иваз мешавад.  Ҳар сол ин ба истилоҳ нигарониҳои  волидайн ҳаст, аммо боре фарҳанги рӯбарӯро таҷриба карда, назди мо наомадаанд, то масъаларо баррасӣ кунем. Дар хотир дошта бошед, дар ифтитҳои муассисаи таҳсилоти умумии № 91-и пойтхат Сарвари давлат таъкид карда буданд, ки «мутаассифона қисми зиёди оилаҳо худро дар таълиму тарбияи фарзандон канор мегиранд». Ин воқеияти рӯз  аст. Вақте берун аз мактаб дар муҳити хона волидайн барои машғулияти дарсии фарзандон шароит таъмин  намекунанд, чӣ бояд кард? Вақти бозии бача бояд назорат дошта бошад. Чаро волидайн фарзандро санҷиш намекунанд, ки аз кадом барномаи таълимӣ қафо мондааст? Чаро барои ин мушкилоти таълимиро ба мактаб рафта масъалагузорӣ намекунад? Агар мактаб масъаларо ҳал накард, чаро дар сатҳи ноҳия ва шаҳр намеравад? Агар ин зинаҳо ҳал карда натавонистанд, марҳамат ба мақомот муроҷиат намоянд. Агар мо дар таҷриба ду адад чунин парвандаи ҷавоб додани масъулияти омӯзгориро дошта бошем,  камбуд дар сифтаи педагогӣ бошад, мушкилот ҳал мешуд.  Зиёд аз шикоятии маблағи моҳона мешунавем, вале дар таҷрибаи кори се соли охир то ба ҳол ягон волидайн барои қонеъ набудан аз сатҳи дарси иловагӣ «дар»-и моро накушодааст! Дар ҷомеа мегӯянд, афкори манфӣ ба вуҷуд меоранд, аммо чаро ба мактаб ва раёсати маориф намеравад, қаноатманд набуданро масъала намегузорад? Пардохти маблағи моҳонаро дар асоси қонун ва санад, шартнома бо уҳдадорӣ ба роҳ мондем. Дар сурати яке аз тарафҳо талаботи онро иҷро накунанд, чора дида мешавад. Волидайн бояд иҷрои дарси илвогиро назорат кунанд! Агар қонеъ нестанд, ҳуқуқ доранд, ки шикоят намоянд. Агар мо дарси иловагиро барҳам диҳем ва волидайн аз репетитор истфиода кунанд, хароҷоти даҳчандро талаб мекунад. Инҷо нобаробарии вазъи  иҷтимои хонандагонро бояд ба назар гирифт. Аз ин рӯ, мо дарсҳои иловагиро ба роҳ мондем. 

Аммо ба назаратон чаро ба раёсати маориф шикоят намекунанд?  

- Мутаассифона, ҳамин  корро намекунанд, барои ин баҳона ҳам доранд. Баҳона, ин ки мактаб ё муаллима шогирдро «чап» мегиранд. Мактаб ва муаллим ҳуқуқи «чап» гирифтани волидайн ва шогирдро надорад! Мо дар сурати мукотиба ва талабот аз ҳамдигар имкони рушд дорем! Бояд кушоду равшан назарашонро бигӯянду мо ҳам бишнавем, пайи ҳал кардани тадбир шавем.  Бояд  рӯбарӯ  суҳбат  карданро  ёд  гирем.  То имрӯз ягон муроҷиат ё шикоят нисбат ба ин масъала то ба сатҳи мо наомадааст. Он чӣ ки расид, баррасӣ кардему барои ҳаллаш камар бастем. Мо интизори волидайнем! Зеро тарбияи дуруст ин сохтани ояндаи дуруст аст. Гуфтем, ки мактаб ва муассисаҳои томактабӣ намерасад.  Ҳамаи ин вақт мехоҳад,  ҳар рӯз муассисаҳои нав ба истфиода дода шуда истодаанд. Танҳо масъулиятшиносии  волидайн ва ҷомеа даркор! Нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ва муррабия ҳам солҳои наздик ҳалли худро мебад. Ҳатто байни омӯзгорон ҳам рақобати педагогӣ шурӯъ мешавад, дигар барои омӯзгори суст шояд ҷо намонад.

Муассисаҳои куҳнаро ба муассисаи томактабӣ табдил додем.  Дар шаҳраки Зарафшон муассисаҳои томактабӣ барои 10 нафар, дар кӯчаҳои Айнӣ дар бинои истиқоматии баландошёна барои аз 80 - 100 нафари дигар фароҳам шуд. Аз ҳисоби маблағҳои  буҷети шаҳри Душанбе сохтмон ва ба истфиода додани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ҷараён дорад. Дар ин бахш шаҳрдории Душанбе моро дастгирӣ мекунад.

Дар шаҳраки Зарафшон Маҷмааи «Меҳри Модар» бо муҷассамаи Модару кӯдак сохта мешавад, ки дар он имкони фарогирии то 1200 кӯдак аст. Нахустин хишти ин маҷмааро  Сарвари давлат гузошт.  Дирӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика” ба фаъолият оғоз кард. Тавре медонед, Президенти кишвар  дар маросими ифтитоҳи ин боғча иштирок намуд. Кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Муассисаи аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоилзода Абдуҳошим бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, дар муддати 21 моҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶСП "Сомон-таҷҳизот" ба анҷом расонда шудааст. Боғчаи мазкур бо харҷи беш аз 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.

-Ташаккур барои суҳбати ошкоро.

-Саломат бошед!

 

Назарҳо

Як бор ба Раёсати маорифи шахри Вахдат таваччух кунед, баъд мефахмед, ки такаллуб чи гуна мешавад! Бочахои мудири маориф хамаро тороч карда гаштаанд...

Шояд шумо суол ё назаре доред?