Ҳамоиши эътирозии арманиҳо шева ва рангҳои ҷолиб дорад (бо ривояти аксҳо)

Никол Пашинён, раҳбари мухолифини арман аз ҷонибдоронаш хостааст, ки рӯзи 8-уми май барои таҷлил аз пирӯзии мутлақ ва бидуни бозгашт ба хиёбонҳо бирезанд. Он рӯз бубояд парлумони Арманистон нахуствазири ҷадидро интихоб кунад.

Қаблан, Никол Пашинён аз ҷонибдоронаш даъват ба амал оварда буд, ки рӯзи чоршанбе ба хиёбонҳо бираванд. Аммо баъдан эълон кард, ки "имрӯз чоршанбе - 3-юми май  мо дар парламент кор мекунем" ва  беҳтар аст, ки ба раванди фаъолияти парламент дар ин рӯз халал ворид нашавад.
Қаблан, номзадии ӯ барои нахуствазирӣ дар парламент раъйи заруриро ба даст наовард. Зимни ройъдиҳӣ ба ӯ 8 райъ нарасид.

Инқилоби Пашинён, ки ба истеъфои Серж Саркисян боис шуд, дирӯзу имрӯз ҳолу ҳавое дорад, ки дар аксҳои зер инъикос гардидааст.

Copyright @2018 TojNews

 

Назарҳо

Ҳеч ақлам намегирад ки чи хел хамин армяно путина ду карат ду фиреб доданд

Шояд шумо суол ё назаре доред?