Ҳамсари Собир Валиевро озод шуд, аммо парвандаи ӯро КДАМ аз сар гирифт

Ҳамсари Собир Валиев. яке аз фаъолони "Гурӯҳи 24" баъди як рӯзи боздошт аз ҷониби неруҳои амниятӣ дар Қирғизистон раҳо шудааст.

Дар ин бора худи Собир Валиев, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, 3-юми октябр иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи Валиев, ҳамсараш Ҷаннат Ҳамзаева шаби гузашта Ҷаннатро озод шуда. аммо тамоми ҳуҷҷатҳояш ҳанӯз дар дасти мақомоти амниятӣ будааст. Вай гуфтааст, ки аз ҳамсараш хостаанд, то зидди Собир Валиев баёнот бидиҳад. 

Ҷаннат Ҳамзаева шаби якшанбе дар фурудгоҳи "Манас" дар Қирғизистон боздошт шуда буд. 

Кумтаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноии Собир Валиев, мухолифи фирории тоҷикро бо гумони убури ғайриқонунии марз дубора оғоз кардааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, парвандаи мазкур зидди Валиев бар пояи моддаҳои "Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" ва "Сӯистифода аз мақом"-и кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шудааст.

14 сентябри соли 2015 ба иллати кофтукоби Валиев тафтиши парвандаи ӯ муваққатан қатъ шудааст. "Аммо 2 октябри соли равон дар натиҷаи бозгашти ҳамсараш Ҷаннат Ҳамзаева ба Қирғизистон ва пеш омадани зарурати тафтиши маҳалли зисти кофтукобшаванда таҳқиқи парванда аз сар гирифта шудааст", – хадамоти КДАМ.

Манбаъ афзудааст, ки ахиран бар пояи қарори Додгоҳи Первомайи Бишкек кормандони КДАМ маҳалли зисти Ҳамзаеваро дар пойтахти Қирғизистон кофтукоб кардаанд. Баъди он ҳамсари Валиев барои гузаронидани идомаи тафтишот ба кумита даъват шуд.

Хадамоти матбуотии КДАМ Қирғизистон афзудааст, ки Ҳамзаеваро пас аз бозпурсӣ дар доираи парвандаи убури ғайриқонунии марз ва ғайриқонунӣ дода шудани шиносномаи қирғизӣ ба Валиев ҷавоб додаанд.

 

Назарҳо

Тоҷниюз!! Чиба хурока ай пкшти сарт мехурӣ? Чиба иқа сахт менависи???аз ҳамсараш хастанд, ки зидди собир баёнот диҳад....мубҳам менависен бисёр

Шояд шумо суол ё назаре доред?