Ҳасан Асадуллозода - номзад ба курсии вакилии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе

Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президенти Тоҷикистон, ки яке аз афроди сарвату қудратманди Тоҷикистон шинохта мешавад, номзад ба курсии вакилии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе шудааст.

Бино ба маълумоти Комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе, дар баробари Ҳасан Асадуллозода аз ҳавзаи интихоботии № 24 - и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт танҳо як номзад аз ҲНИТ - Зайниддин Деҳқонов вориди сабқати интихоботӣ мешавад.

Дар бораи ахирӣ танҳо ҳамин маълум аст, ки хатмкардаи Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳади Эрон бо ихтисоси забони арабӣ буда, ҳоло дар ширкати “Бинокор - сервис” муҳандиси техникӣ аст. 

Аммо Ҳасан Асадуллозода як чеҳраи шинохта аст, ки ба номаш на фақат қудратмандтарин бонки кишвар, балки даҳҳо ширкату корхонаи Тоҷикистон, аз ҷумла “Сомон Эйр”, бузургтарин ширкати ҳавонавардӣ, “Исмоили Сомонӣ асри 21”, калонтарин ширкати истеҳсол ва содиркунандаи пахтаи кишвар, бастагӣ дорад. Теъдоди ҳамчунин ширкатҳоро даҳҳо адад ҳисоб мекунанд. 

Ҳамчунин корхонаҳои бузурги давлатӣ, назири “Талко” ва “Барқи тоҷик” - ро аз ҷумлаи ширкатҳои таҳти назорати Ҳасан Асадуллозода ном мебаранд, ки ба эҳтимоли қавӣ, далели ин дар “Ориёнбонк” суратҳисоб доштани онҳо аст. 

Тавре дар маълумотномаи овезаҳое, ки дар кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дучор меоянд, омадааст, Ҳасан Асадуллозода 10 июли соли 1968 дар ноҳияи Колхозобод, ҳозира Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Тоҷик. Соли 1986 мактаби №33 - и ноҳияи номбурдаро хатм кардааст. Аз соли 1987 то 1989 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1989 - 1993 ба ҳайси ронанда ва челонгар оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори нуқтаи таъминоти сӯзишвории ноҳияи Колхозобод, директори базаи таъминоти сӯзишвории ноҳияи Ҷилликӯл, директори генералии Иттиҳодияи нафттаъминкунии вилояти Хатлон, раиси Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст. Аз соли 2003 то имрӯз раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” - ро ба дӯш дорад. Соҳиби маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқист. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Дар бораи ин, ки Ҳасан Асадуллозода кадом донишгоҳро кай хатм кардааст, иттилои дақиқ нест. 

Ҳасан Асадуллозода аз соли 2004 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи “Ориёнфар” аст. 

Зимнан, номи ин гуруҳ ё созмони ибтидоии ҳизби ҳоким - ҲХДТ бори аввал зикр мешавад. Ва тахмин меравад, он ба “Ориёнбонк”, бонке рабт дорад, ки раҳбариашро 12 сол ба ин сӯ шахсан Ҳасан Асадуллозода ба зимма дорад.

Ин даъвати сеюм аст, ки Ҳасан Асадуллозода вориди сабқати интихоботӣ барои даст ёфтан ба мандати вакилии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе мешавад.

Дар даъвати қаблӣ яке аз вакилон соҳибкори маъруф ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон - Зайд Саидов буд, ки бо вуҷуди дахлнопазирии вакилӣ аз сӯи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт ва аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе пас аз чанд рӯзи боздошт ваколати ӯро лағв кард.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Ин хама нагзу дар хамон Ориёнбонк ягон забоншинос нест, ки буклети Асадуллозодаро як бор варак занад? Пури хато аст. Боз ба депутати. Ачоиб одамхо.
мухим маьлумот набудааст.мухим авлод будан.ана барои чи аксар дар азобем.....
Дуруст, малумот барои горат кардан лозим нест! Малумот барои рушду инкишофу пешрафт лозим, бародар!
раиси ояндаи шахр маълум шуд ассиёк.....
раиси ояндаи шахр маълум шуд ассиёк.....
Агар хамин инсон вакил шавад точикистон ба холати аз ин хам вазнинтар мегардад горатгари бучаи давлат аст!!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?