Ҳофизи нуҳсола қориёни Қуръонро дар Ҷидда шигифтзада кард

Писарбачаи 9-сола аз Ҳиндустон дар озмуни қориёни Қуръон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ  ҷойи сеюмро ишғол кард ва ҳамаи ширкаткунандагон бо шумули устодуону шогирдонро бо маҳорати фавқулоддаи худ шигифтзада кард,- хабар додааст “Исламнюс”.

Ин ҳофизи ҷавон бо 2 ҳазор ширкаткунанадгони синну соли гуногуни озмун мусобиқа кард ва дар ниҳоят соҳиби ҷойи сеюм, номаи таҳният ва 9 ҳазор риёли Арабистони Саудӣ мукофоти пулӣ шуд.

“Писари ман Амир дар қироати Қуръон дар озмуни байналмилалӣ, ки таҳти раёсати шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бинни Абдулазиз дар Ҷидда 29-уми июн доир гардид, ҷойи сеюмро ишғол намуд.”,- изҳор доштааст падари ғолиб, имоми масҷиди шаҳри Ратлами шатати Мадҳия-Прадеши Ҳинд Муҳаммад раис.

Маврид ба таъкид аст, ки матни Қуръони Маҷидро ҳофизи ҷавон дар муддати 1,5 сол аз бар кардааст.  

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

ана бинеду ибрат гиреду дарс медодаги одамони мухлисро дар Точикистон ба махбас равона накунед!!!! Маорифи Цуръон дар хама хона зарури аст ва бе он маорифи воло касе ба ое намерасад расадхам ба касе нафъаш намерасад. Лизо зарури аст ки маорифи Цуръон омухта шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?