“Ҳосилот” барандаи медалҳои нуқра ва роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 шуд

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, соҳиби медалҳои нуқра ва роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 гардид.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 2-юми ноябр баргузор шуданд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо ҳузури 6000 тамошобин барпо гардид. Мизбонон ба дарвозаи меҳмонон чаҳор голи беҷавоб заданд.

Ҳисобро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 8-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Се голи дигарро легионер Содиқ Мӯсо ва бародарон Наврӯзу Ҳасан Рустамовҳо дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд.

Дастаи “Ҳосилот” бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми дувум қарор дорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон сарфароз мегардад. Инчунин “Регар-ТадАЗ” соли оянда Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC намояндагӣ мекунад.

Дар бозии дигари мавқуфгузоштаи даври 13-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Бозигарони “Истиқлол” Дэвид Мавутор ва Шериддин Бобоев дуголӣ заданд. Боз як тӯбро ба дарвозаи мизбонон Нозим Бобоҷонов ворид кард. Як голи “Вахш”-ро Умарҷон Шарифов ба самар расонд.

“Истиқлол”, ки бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ мақоми аввалро касб кард, барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқа мукофотонида мешавад.

Дар се бозии дигари даври 13-ум дастаи “Барқчӣ»-и Душанбе дар майдони худ бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0, «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - бо ҳисоби 4:1 ва ССКА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.

Ба ин тартиб, барои шаш бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», «Хайр», ССКА «Помир», «Хуҷанд», «Вахш» ва «Парвоз» – мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2016 ба поён расид.

Дар се бозии охирини мусобиқаи имсола, ки бо ширкати “Барқчӣ” муқобили “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Ҳосилот” баргузор мешавад, тақдири медалҳои биринҷӣ ҳал хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол “Регар-ТадАЗ” бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Барқчӣ”, ки се бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст. Барои ҷойи севум ин ду даста талош доранд. Шояд дар бозӣ миёни ҳарду соҳиби ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ маълум шавад.

Дар рӯйхати беҳтарин голзанҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, дар ҷойи аввал аст. Вай ба дарвозаи рақибонаш дар бозиҳои мусобиқаи имсола ҳамагӣ 22 тӯб задааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?