ҲСДҚ дар Порлумон ба таъсиси эътилоф шуруъ кард

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ), ки аз президенти ин кишвар барои таъсиси эътилофи порлумонӣ иҷозат дарёфт карда буд, бо фраксияҳои "Республика-Ата-Журт", "Бир Бол" ва "Қирғизистон" вориди муколама шудааст.

Роҳбари ҲСДҚ Исо Омурқулов бо роҳбари "Республика-Ата-Журт" масъалаи таъсиси эътилофи порлумониро баррасӣ кардааст. Роҳбари "Ата-Журт" пешниҳод ва шартҳояшро эълон кардааст. "Масъалаҳои таъсиси ҳукумат, ҳайати девони вазирон ва барнома пеш омадааст. Пешниҳоди онҳоро мешунавем, агар бароямон қобили қабул бошад, мумкин аст эътилоф ташкил кунем", - гуфтааст роҳбари ҲСДҚ.

Охири ҳафтаи гузашта Омурқулов ҳамчунин бо роҳбари "Бир Бол" ва роҳбари нави фраксияи "Қирғизистон" мулоқот кардааст.

Хориҷ шудани ҲСДҚ аз эътилоф боис шуд, ки эътилофи порлумонӣ 26 октябр барҳам хӯрад. Он замон Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон бо имзои як фармон истеъфои ҳукуматро эълон кард ва ба ҲСДҚ рухсат дод, ки эътилофи нави порлумонӣ ташкил кунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?