Ҳукумат дар Варзоб бӯстонсаро месозад

Ҳукумати Тоҷикистон барои қабули меҳмонони хориҷӣ ва сарони давлатҳо дар Варзоб бӯстонсаро бунёд карда истодааст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз он дидан кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон “ба бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеъи Пуғуси ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд.”

“Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён, меъморон ва устоҳои гулдаст барои дар сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки дар вақти бунёди иншооти мазкур ба масъалаи бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯйи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам ойина оро додани бино диққати махсус дода шавад”. 
Тазаккур бояд дод, ки дар мавзеъи Пуғус як бӯстонсарои хушсохт мавҷуд аст, ки дар аҳди президент Раҳмон сохта шуда, калонтарин бӯстонсраои ҳукуматӣ ба шумор меравад. Бӯстонсаро дар ҳоле сохта мешавад, ки иҷрои будҷаи соли 2016 ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда, ҳукумат маҷбур буд, ҳатто маблағгузории НБО-и "Роғун"-ро барои соли 2017 коҳиш диҳад. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?