Ҳукумат “Сафедорак”-ро ба 1,9 млн сомонӣ фурӯхтааст

Ҳукумати Тоҷикистон ягона базаи лижаронӣ дар кишвар “Сафедорак”-ро ба ширкати “Сафеддара” бо маблағи 1 миллиону 956 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

3-юми феврал Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол дар ҳузури хабарнигорон гуфт, базаи “Сафедорак” ба ширкати “Сафеддара” фурӯхта шудааст.

Ба гуфти Қодири Қосим, ин ширкат ӯҳдадор шудааст, ки дар давоми 5 соли оянда ба ин база 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, 120 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад. Нархи ибтидоии базаи “Сафедорак” 1 миллиону 920 ҳазор сомониро ташкил медод ва дар тендери хариди он танҳо 2 ширкат иштирок кардааст.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, қаблан “Сафедорак” дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд ва аҳволи на он қадар хуб дошт. Барои ҳамин Ҳукумат қарор кардааст, ки ин базаро ба фурӯш гузорад.

“Сафедорак” ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмаи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеъи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Тагоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад.

Дар замони Шӯравӣ ҳамасола дар ин минтақа мусобиқоти варзишӣ баргузор шуда, аз хориҷ низ варзишгарон даъват мешудаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки барои бозсозии пойгоҳи “Сафедорак” ҳудуди 14 миллион доллар зарур аст.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

200,000 доллар! Баъд шумо бои Кабирию, Назарзодаю Зайд Саидов мекунед. Охир ин кадар базаи калонро ба маблаги як хучраи нав дар Душанбе фурухтан, ин беномусист. Кани Агентии Фасод як аз назар гузаронад, ки то чи дарача ин база ба 200,000 доллар баробар будааст. Механдему механдем....
Нархи фурушаш ду танга, хакки хизмат ва нархи истирохат дар осмон! 1 шаб истирохати 2 нафар кариб 500 сомони (60 у.е.), ичораи васоити мухофизати 150 сомони, барфгард (снегоход) 300 сомони, таваккуфгохи мошин 15 (!!!) сомони ва гайра. Алло, караул, мо дар ИМА ва Аврупо нестем. Нархро ба кисаи мардум мувофик кунед. Бо хамин сиёсати нархи табакабанди ва чудоиандози сар мешавад. МАН ин нархи САФЕД-ДАРАРО КАБУЛ НАДОРАМ!!!!!!!!!!!!!
Онро ба худ фурухтанд, фасод фасодро намебинад, боз як шикофи калонро барои бучети давлати ошкор карданд, Т

Шояд шумо суол ё назаре доред?